Бо гузашти беш аз ду ҳафта аз оғози мавсими гармидиҳӣ дар шаҳри Душанбе, сокинони бархе аз маҳаллаҳои пойтахт аз мушкилот дар кори низоми гармидиҳии шаҳр шикоят мекунанд ва мегӯянд, то кунун хонаҳояшон сард аст. Мақомот вуҷуди мушкилро тасдиқ мекунанд, вале ҳаллашро ба дӯши якдигар мепартоянд.
Сокинони кӯчаи Раҳимӣ 11 (рӯбарӯи Маркази саломатити №2) аз он шикоят мекунанд, ки бо гузашти ду ҳафтаи оғози мавсими гармидиҳӣ, ҳанӯз ҳам хонаҳои онҳо сард аст ва бо вуҷуди муроҷиати пайваста касе ба доди онҳо намерасад.
Онҳо мегӯянд, дар рӯзҳои аввали гармидиҳӣ, як қисми дастгоҳҳои гармидиҳии хонаҳо ва қубурҳои асосии бино гарм буд, вале бо гузашти вақт хунук шуд ва интиқоли оби гарм қатъ гардид.
Ба гуфтаи сокинон, масъулин ба онҳо тавсия доданд, ки ҳавои дохили дастгоҳҳои гармидиҳии дохили хона ва таҳхонаи биноро бароранд, шояд мушкил дар он ҷо бошад. Вале мушкил ҳал нашуд.
“Вақте ҳаворо баровардем, 10-15 дақиқа гарм шуд, вале мушкил мисли пештара боқӣ монд. Ҳоло акнун ҳамаи дастгоҳҳои гармидиҳӣ хунук аст ва намедонем, чӣ кор кунем”, - нигаронӣ карданд сокинон.
Онҳо гуфтанд, баъди муроҷиат ба Шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе онҳо мушкилоти мавҷударо тасдиқ карданд, вале гуфтанд, ин ба онҳо вобастагӣ надорад, балки мушкилӣ дар Маркази барқу гармидиҳӣ-1 аст.
Худи сокинон иддао доранд, ки шояд мушкил дар фишори оби гарм аст, ки бо пайваст шудани биноҳои дигар ва афзоиши шумораи биноҳо фишори он поин шуда, оби гарм то ҷои зарурӣ намерасад.
“Масъулинро зарур аст, ки пеш аз пайваст намудани биноҳои дигар аввал иқтидори марказҳои барқу гармидиҳиҳоро ба инобат гиранд. Мантиқӣ аст, ки бо пайваст шудани биноҳои дигар фишори об паст мешавад ва ба тақсимот халал ворид мекунад. Аз ин рӯ, аввал иқтидори хизматрасонӣ ба назар гирифта шуда, баъд дигар биноҳо пайваст шаванд”, - гуфтанд сокинони ин маҳалла.
Аз МД “Шабакаҳои гармидиҳии Душанбе” ҷой доштани мушкилоти мазкурро дар бархе маҳаллаҳои Душанбе, аз ҷумла, кӯчаи Раҳимӣ 11, маҳаллаҳои Яккачинор, 11, 12 ва 46-ум тасдиқ карданд ва гуфтанд, мушкилӣ ба Маркази барқу гармидиҳӣ-1, ки бо гази Ӯзбекистон кор мекунад, рабт дорад.
Аз ин ниҳод гуфтанд, ин мушкил аз оғози мавсими гармидиҳии имсола дар ҳамаи минтақаҳое, ки ба Маркази барқу гармидиҳӣ-1 пайвастанд, рабт дорад ва онҳо кушиш карда истодаанд, ки онро ҳарҷӣ зудтар бартараф намоянд.
“Мо барои бартараф кардани он супориш гирифтем. Муҳандисон дар пайи ислоҳанд. Вале ин мушкил ба мо рабт надорад, ба Маркази барқу гармидиҳӣ -1 вобаста аст, ки бо газ фаъолият мекунад ва маҳз он ба биноҳо фишор дода наметавонад. Ба онҳо муроҷиат кунед”, - гуфтанд аз МД “Шабакаҳои гармидиҳии Душанбе”.
Онҳо рабт доштани мушкилоти мазкурро ба пайваст шудани биноҳои иловагӣ ба маркази гармидиҳӣ рад ё тасдиқ накарданд ва гуфтанд, ин масъаларо аз Маркази барқу гармидиҳӣ -1 пурсем.
Ҳамчунин, аз шаҳрдории Душанбе низ ҷой доштани мушкилоти мазкурро тасдиқ карда, гуфтанд, мушкил дар кори Маркази барқу гармидиҳӣ -1 аст, ки бо газ кор мекунад ва маҳз кор бо газ сабаби мушкилӣ дар кори гармидиҳӣ шудааст.
“Ин мушкил муваққатӣ аст. Рӯзҳои наздик мушкилоти фишор ва дигар масъалаҳо ҳали худро меёбанд”, - гуфтанд аз шаҳрдории Душанбе.
Дар ҳамин ҳол, аз Маркази барқу гармидиҳӣ -1 ваъда доданд, ки дар робита ба масъалаи мазкур мавқеашонро мегӯянд, вале баъдан ба зангҳои пайвастаи мо посух надоданд. “Азия-Плюс” омода аст, ки назари ин марказро пахш намояд.
Ёдовар мешавем, ки аз 14-уми октябр то 1-уми ноябр дар Душанбе пайвастшавии хонаву иншоот ба маркази гармидиҳӣ оғоз гардида, давра ба давра аҳолии шаҳри Душанбе бо гармӣ таъмин шуданд.
Имсол 2 ҳазору 762 иншоот бо гармӣ таъмин карда мешаванд: 2 ҳазору 211 бинои истиқоматӣ, 64 муассисаи тиббӣ, 172 мактаб ва кӯдакистон, 315 корхона ва ташкилот. Ба низоми гармидиҳӣ дар ноҳияи Сино ҳамагӣ 1297 иншоот, дар ноҳияи Шоҳзмансур - 512, дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ - 510 ва дар ноҳияи Фирдавсӣ - 443 иншооот пайваст шудаанд.
Масъулияти таъмир бар дӯши кист?
Мувофиқи қоидаҳои истифодаи энергияи гармӣ, масъулияти корхонаи таъминкунандаи гармӣ ва истеъмолгарони энергияи гармӣ муайян карда шудааст.
Муассисаи “Шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе” ба ҳамаи корҳо дар ин самт то нуқтаи тақсимоти гармӣ (элеватор), ки маъмулан дар паҳлӯи биноҳои истиқоматӣ ё таҳхонаи он воқеъ аст, масъул мебошад.
Ба ҳолати коммуникатсияҳои муҳандисӣ дар дохили бино, баргузории корҳои таъмир, ивази шабакаҳои гармидиҳӣ дар дохили биноҳо худи сокинони биноҳо масъуланд. Моликони манзил уҳдадоранд, ки ҳамаи шабакаҳои дохили биноро дар ҳолати коршоям нигоҳ дошта, мукаммалии онро вайрон накунанд ва ба интиқоли гармӣ тариқи шабакаи ягонаи хона монеъа эҷод насозанд.
6,6 млрд сомонӣ зиёдтар нисбат ба имсол. Парлумони Тоҷикистон буҷети соли 2025-ро қабул кард
Эмомалӣ Раҳмон бо бинои таъмиршудаи Филармония шинос шуд ва ба сохтмони бинои нави Кумитаи андоз оғоз бахшид
Рамазон Қодиров ду мансабдори баландпояи Русияро барои пешбурди сиёсати зидди муҳоҷирон танқид кард
“100 чеҳраи муваффақ”-и Тоҷикистон. Кистанд онҳо?
Нишондиҳанда барои ҳисобҳо боло меравад. Маблағи хидмати ҳарбӣ, сиёҳ кардани шишаи мошин ва ҷаримаҳо зиёд мешавад
“Хурдандеширо намепазируфт”. Муруре ба рӯзгори роҳбари Бадахшони Кӯҳӣ Хушқадам Давлатқадамов
Воқеан, ба поинравии қурби рубл муҳоҷирон гунаҳкоранд? Шарҳ медиҳем.
Равшанбек Собиров, сиёсатмадори тоҷик дар ҳукумати Қирғизистон вазифаи нав гирифт
“Меҳргон” ва “Санъати сохту навохтани рубоб” ба феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд
Содироти меваи хуч аз Тоҷикистон ба таври назаррас зиёд шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста