Дар ҳоле, ки ба анҷоми маъракаи даъвати ҳарбӣ дар кишвар 1 рӯз боқӣ мондааст, сокинони бархе шаҳру навоҳии вилояти Суғд шикоят доранд, ки мақомот волидайни даъватшавандагонро ба "гарав" гирифта, аз онҳо талаб мекунанд, ки фарзандашонро, ки аксаран дар хориҷи кишвар қарор доранд, баргардонида, ба артиш фиристанд.

Волидайни даъватшавандаҳо нигаронӣ мекунанд, ки мақомот онҳоро то замоне, ки писарашон барнагарданд ва ё чиптаи ҳавопаймои хешро пешниҳод накунад, дар бинои комиссариатҳои ҳарбӣ ё шуъбаи корҳои дохилӣ нигоҳ медоранд.

Як сокини шаҳри Исфара, ки ба далели бехатарӣ нахост аз ӯ ном барем, дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, мақомот рӯзи 25-уми ноябр ӯро ба “гарав” гирифтанд ва то замоне, ки писараш нусхаи чиптаи ҳавопаймояшро аз Русия ирсол накард, ӯро ҷавоб надоданд.

Ӯ афзуд, субҳи рӯзи ҷумъаи 25-уми ноябр, нозири минтақавӣ ӯро ба Комиссарити ҳарбии ноҳияи Исфара бурд, ки дар он ҷой шахсан раиси шаҳр Баҳовиддин Баҳодурзода, комиссари ҳарбӣ ва чанд аъзои комиссияи даъвати ҳарбӣ ҳузур доштанд ва аз ӯ дархост карданд, ки фарзандашро аз Русия баргардонида, ба артиш фиристад. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи ӯ, писараш дар яке аз шаҳрҳои Русия ба ҳайси аспирант таҳсил мекунад.

“Вақте гуфтам, фарзандам дар Русия таҳсил мекунад, гуфтанд, тибқи қонунгузории нави кишвар донишҷӯён низ ба артиш мераванд. Вақте фаҳмиданд, ки ман соҳибкори инфиродиам, ба сардори Нозироти андози шаҳри Исфара занг заданд ва гуфтанд, ки чунин соҳибкор аз андоз қарздор аст ё не. Сардори нозирот гуфт, қарздор аст. Гуфтанд, ҷарима кунед. Ҳамин тариқ, ба шабакаҳои барқ занг заданд ва дархост карданд, ки барқи хонаи маро қатъ кунанд”, - нигаронӣ кард ин ҳамсуҳбати мо.

Ба гуфтаи вай, фишори мақомот дар ҳолест, ки писари калониаш бо хоҳиши худ ариза навишта ба хизмат рафтааст.

Ба ӯ то 29-уми ноябр вақт доданд, агар писараш аз Русия барнагардад, ниҳодҳои масъул нисбаташ чораҷӯӣ мекунад.

“Аз донишгоҳе, ки писарам таҳсил мекунад, иҷозат надодаанд, ки ба Тоҷикистон баргардад. Гуфтанд, ё хориҷ мекунем ва ё таҳсилро идома медиҳӣ. Дар чунин вазъ писарам наметавонад донишгоҳро тарк карда, биёяд”, - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Дар ҳамин ҳол аз Коммисариати ҳарбии шаҳри Исфара ба “гарав” гирифтани волидайни даъватшавандаҳоро рад карданд ва гуфтанд, чунин хабарҳо асоси воқеӣ надорад.


Алиҷон Ниёзов, комиссари ҳарбии шаҳри Исфара дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки онҳо тибқи талаботи қонун даъватномаро ба волидайни даъватшавандаҳо месупоранд ва ба падару модари онҳо кор надоранд.

“Ин гапҳо асос надорад, бовар накунед, биёед ба чашми худатон бинед. Мо касеро маҷбур накардем, ки фарзандашро баргардонида ба хизмат равон кунад. Вақте ба Комиссариати ҳарбӣ меоянд, мо талаботи қонун ва вазъи имрӯзаро мефаҳмонем, фарзандонашонро худашон оварда истодаанд”, - гуфт Алиҷон Ниёзов.

Номбурда гуфт, онҳо ба даъватшавандаҳое, ки дар хориҷи кишвар кору таҳсил мекунанд, эҳтиёҷ надоранд ва даъватшавандаҳое, ки дар дохил ҳастанд, барои иҷрои нақшаи давъат басанда аст.

Дар ҳоле, ки то анҷоми маъракаи даъвати ҳарбӣ як рӯзи дигар боқӣ мондааст, нақшаи даъват дар шаҳри Исфара, тибқи иттилои комиссар, 90 дарсадро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, аз маркази матбуоти ҳукумати Исфара гуфтанд, чунин бархӯрд бо волидайни даъватшавандаҳо дар шаҳр ба қайд гирифта нушудааст ва дар сурати муроҷиати расмӣ онҳо омодаанд, ки онро баррасӣ ва чораҷӯӣ кунанд.

Шикоятҳо аз ба “гарав” гирифтани наздикони даъватшавандагон на танҳо аз шаҳри Исфара, инчунин, аз дигар шаҳру навоҳии вилояти Суғд низ шунида мешавад.

Чанде пештар хабарҳое нашр шуд, ки сокинони ҷамоати Моғиёни шаҳри Панҷакент  шикоят намудаанд, ки мақомоти ин минтақа чанд рӯз боз  сокинонеро, ки писарашон дар Русия  дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд, барои аз хидмати ҳарбӣ гурезондани фарзандонашон боздошт кардаанд.

Гуфта мешавад, ки боздоштҳо тақрибан аз 20 ноябр оғоз ёфт ва дар байни як ҳафта тақрибан 15 нафар аз сокинони деҳаҳои гуногуни шаҳр, асосан падарони ҷавонони синну соли даъватиро бурда, дар шуъбаи милитсияи шаҳри Панҷакент маҳкам кардаанд. Ба онҳо амр додаанд, то ба фарзандони худ дар Русия занг зада, аз боздошти худ хабар бидиҳанд ва фарзандонашонро маҷбур кунанд, ки баргарданд ва ба хидмати ҳарбӣ бираванд.

“Азия-Плюс” кӯшиш кард, ки назари Комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент ва масъулини шаҳрро дар робита ба ин масъала дастрас кунад, вале ба зангҳои пайвастаи мо аз Коммиссариати ҳарбӣ ва ҳукумати шаҳр посух надоданд. Дар сурати пешниҳоди шарҳи расмӣ, “Азия-Плюс” омодааст, ки онҳо интишор намояд.

Ба "гарав" гирифтани волидайни ҷавонони синни даъватӣ дар ҳолест, ки то анҷоми нақшаи даъвати ҳарбӣ дар кишвар 1 рӯз боқӣ мондааст ва сокинон мегӯянд, ки сабаби чунин бархӯрд, то ҳол иҷро нашудани нақшаи даъвати тирамоҳии ҳарбӣ дар шаҳру навоҳии  вилояти Суғд аст. То 15 ноябр дар вилояти Суғд нақшаи даъвати ҳарбӣ 72 дарсадро ташкил дода буд.

Чунин ба назар мерасад, ки чунин шеваи “ҷалб”-и ҷавонон ба артиш дар дигар шаҳру навоҳии кишвар низ ба назар мерасад. Чанде пештар сокинони маҳаллаи Дилбарии ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Кушониёни Хатлон низ шикоят крада буданд, ки мақомот бо талаби баргардондани фарзандонашон аз хориҷа ва фиристодани онҳо ба артиш сими барқи чанд хонаро бурида, ба дари масҷидҳо қуфл задаанд.

Ҳамасола, бо шуруъи даъвати ҳарбӣ навори боздошт ва иҷборан ба артиш бурдани ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо нашр мешавад, ки корбарон онро сарбозшикор ё “облава” меноманд. Имсол ин чиз тақрибан ба гӯш намерасид.

Мақомот ҳар сол аз афзудани сафи ихтиёриён суҳбат мекунанд ва ҳамеша ба набудани "облава" таъкид карда, мегӯянд, ҷавонон баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, мақомоти милитсия ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.

Дар Тоҷикистон дар ду навбат, баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд. Даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз якуми апрел оғоз ёфта, он то охири моҳи май идома меёбад ва даъвати тирамоҳӣ бошад, аз аввали моҳи октябр шурӯъ гардида, дар охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.