Мэри Лолор, гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид вобаста ба ҳомиёни ҳуқуқи инсон бо ҳайати ҳамроҳонаш дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) бо Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Далери Имомалӣ, ду рӯзноманигори маҳкумшудаи тоҷик, мулоқот кардааст.
Гуфта мешавад, ки ин мулоқот ҳафтаи равон сурат гирифта, онҳо аз вазъи саломатӣ, буду бош ва муносибати зиндонбонон бо рӯзноманигорон суҳбат кардаанд.
Як узви ин ҳайат, мулоқотро бо рӯзноманигорон тасдиқ кард, вале бо ишораи он ки пагоҳ, 9-уми декабр, дар қароргоҳи СММ дар Душанбе нишасти матбуотии гузоришгари СММ баргузор мегардад, аз шарҳи бештари масъала худдорӣ кард.
Гуфта мешавад, ки онҳо ҳамчунин, бо парвандаи чор рӯзноманигори маҳкумшудаи тоҷик шинос шудаанд ва интизор меравад, ки имрӯз, бо чанде аз додрасу додситонҳои тоҷик мулоқот карда, пагоҳ, 9-уми декабр, аз натиҷаи сафари худ бо журналистон суҳбат кунад.
Манбаи мо аз қавли гузоришгарони СММ гуфт, зимни суҳбат Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Далери Имомалӣ аз вазъи саломатии худ шикоят накардаанд ва танҳо гуфтаанд, наздиконашонро пазмон шудаанд.
Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ хостаанд, ки ҳарду дар як ҳуҷра (камера) нигоҳдорӣ шаванд.
Гуфта мешавад, ки ҳоло Далерӣ Имомалӣ ҳамроҳи Завқибек Саидаминӣ, рӯзноманигори дигар зиндонии тоҷик дар як ҳуҷра нигоҳдорӣ мешаванд.
Ҳамин тариқ, Далери Имомалӣ ва ҳам Абдуллоҳ Ғурбатӣ гуфтаанд, ки гуноҳ надоранд, боздошту ҳабси онҳо ба фаъолияти рӯзноманигорӣ рабт дорад ва ҳукми додгоҳро нисбаташон эътироф намекунанд.
Ҳайати СММ барои рӯзноманигорони маҳкумшуда ба СИЗО чанд китоб бадеии тоҷикӣ низ бурдаанд.
Гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид 28-уми ноябр ба Тоҷикистон омад ва то 9-уми декабр дар кишвар хоҳад буд. Ин сафар дар пасманзари танқидҳо аз маҳдуд шудани озодиҳо дар Тоҷикистон сурат мегирад. Мэри Лолор аз натиҷаи сафари худ ба Тоҷикистон моҳи марти соли 2024 ба Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал гузориш медиҳад.
Дар гузашта намояндагии Созмони Милал гуфта буд, ки Мэри Лолор бо намояндагони ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон, кормандони масъули СММ, аъзои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳомиёни ҳуқуқи инсон, рӯзноманигорон мулоқот хоҳад кард.
Дафтари матбуоти Намояндагии СММ дар Тоҷикистон бо пахши хабарномае гуфта буд, ки сафар имкон медиҳад, ки вазъи мудофеони ҳуқуқи инсон, нигарониҳо ва чолишҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишвар баррасӣ шавад.
“Ман, инчунин, тадбирҳои мавҷуда ва ба нақша гирифташударо вобаста ба ҳифзи мудофеони ҳуқуқи инсон, аз ҷумла қонунгузорӣ ва сиёсатҳо; муҳити умумии бақайдгирӣ ва идоракунии созмонҳои ғайридавлатӣ; озодии баён, ҷамъомадҳои осоишта ва дастрасии ёрии ҳуқуқиро арзёбӣ хоҳам кард,” – гуфта буд Лолор.
Ёдовар мешавем, ки дар як соли охир 4 рӯзноманигори тоҷик боздошт ва ба муҳлатҳои гуногун равонаи зиндон шуданд.
Нахуст, Далери Имомалӣ, ки вақтҳои охир барои “Ютуб-канал”-аш дар мавзӯъҳои ҳасоси иҷтимоӣ барномаҳо нашр мекард, рӯзи 15-уми июни соли ҷорӣ дар роҳ ба ба сӯи шаҳри Конибодоми вилояти Суғд, дар ноҳияи Айнӣ боздошт ва ба Душанбе интиқол шуд.
Ӯ ба соҳибкории ғайриқонунӣ (моддаи 259 қисми 2), дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ (моддаи 346 қисми 2) ва иштирок дар иттиҳоди экстримистӣ (моддаи 307 қисми 2 банди 3)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гумонбар ва 10 сол равонаи зиндон ва 12 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд.
Муҳокимаи ӯ пушти дарҳои баста ва бе ҳузури наздикону пайвандон ва рӯзноманигорон дар СИЗО баргузор шуд.
Ҳафтаи гузашта, Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳукми Далери Имомалиро бетағйир гузошт ва вакили дифову наздиконаш ба зинаи болоии додгоҳ-назоратӣ шикоят бурданд.
Дар пайи боздошти Далери Имомалӣ, ҳамкасб ва ҳамкори ӯ Абдуллоҳ Ғурбатӣ ҳам боздошт ва бар зиддиаш бо се моддаи Кодекси ҷиноятӣ парванда боз гардид. Ӯ рӯзи 4-уми октябр бо ҳукми суди ноҳияи Шоҳмансур 7,5 сол равонаи зиндон шуд.
Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ гумонбар мешавад, вале худаш дар суд ҳамкоришаро бо ин ҳизбу ҳаркатҳо қотеъона рад кардааст.
Дар ҳамин ҳол, ба ғайр аз Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ ҳамчунин, Завқибек Саидаминӣ, яке аз рӯзноманигорони дигари тоҷик низ моҳи июли имсол боздошт ва расо як моҳ пеш бо ҳукми Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ 7 сол равонаи зиндон шуд.
Ӯ барои ҳамкорӣ бо ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом ва “Гурӯҳи 24” (созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон) гумонбар шуд. Худи ӯ ва наздиконаш ҳамеша иртибот ё ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ дар Тоҷикистонро рад кардаанд.
Ҳоло баррасии парвандаи Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзноманигори дигари боздоштшудаи тоҷик дар додгоҳ идома дорад.
Ба истиснои Абдуллоҳ Ғурбатӣ, се рӯзноманигнори дигар аз дохили СИЗО нома навишта, бегуноҳии худро тасдиқ карданд ва бархеи онҳо аз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон хостори бозбинӣ ва зери назорати худ гирифтани парванда шуданд.
Ҳамчунин, Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ боздошту муҳокима ва ҳукми рӯзноманигоронро ғайриқонунӣ хонда, аз мақомоти Тоҷикистон даъват карданд, ки онҳоро фавран озод кунанд.
Дар радабандии кишварҳои шукуфо Тоҷикистон ба гурӯҳи “сатҳи хеле пасти рушд” шомил шуд
“Сомон Эйр” парвозҳоро ба фурудгоҳи “Внуково” муваққатан қатъ кардааст
Рӯзи дарду ашк. Дар Русия бар иловаи боздошту ихроҷи дастҷамъӣ ва манъи баъзе корҳо, ба таҳсили озоди фарзандони муҳоҷирон низ мухолифат мекунанд
Аз рӯи натиҷаҳои соли 2024 мунтахаби Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар ҷойи чандум аст?
Садама дар зеристгоҳи баландшиддат як қисми Душанберо бе барқ гузошт
Муфтиёти Русия бисёрҳамсарии диниро иҷозат додааст
Собиқ мураббии “Севиля”-и Испания сармураббии дастаи “Равшан”-и Кӯлоб шуд
Ӯзбекистон мехоҳад барои мардон ҳангоми таввалуди кӯдак рухсатии пулакӣ ҷорӣ кунад. Ин дар Тоҷикистон чӣ гуна аст?
Фавқулода суханвар ва чеҳраҳои наву камошно. Муовинони нави Эмомалӣ Раҳмон кистанд?
Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ҳам номзадҳояшро ба интихоботи парлумонӣ пешниҳод мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста