Додгоҳи ноҳияи Исмоилӣ Сомонӣ Завқибек Саидаминӣ, яке аз рӯзноманигорони боздоштшудаи тоҷикро барои 7 сол равонаи зиндони низомаш пурзӯр кард. Дар ин бора адвокати рӯзноманигор ба “Asia-Plus” иттилоъ дод.
Қаблан айбдоркунандаи давлатӣ барои Завқибек Саидаминӣ 7,5 соли зиндон талаб карда буд.
Пайвандони Завқибек Саидаминӣ, ки дирӯз ҳангоми ироаи сухани охири рӯзноманигор ба толори мурофиа иҷозаи вуруд пайдо карданд, дар суҳбат ба “Asia-Plus” гуфтанд, ки Саидаминӣ ҳангоми суханронӣ гуфтааст "худро гунаҳкор намешуморад ва бо ҳеҷ ҳизбу ҳаракати мамнӯъ дар Тоҷикистон ҳамкорӣ надошт".
Вакили дифои Завқибек Саидаминӣ дар вокуниш ба ҳукми суд гуфт, онҳо "баъд аз машварат бо зерҳимояааш, мавқеи худро маълум мекунанд ва тасмим мегиранд, ки ба зинаи болоӣ шикоят мекунанд ё не"
Мурофиаи ахири ӯ, дирӯз, 3-юми ноябр, дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) баргузор шуд ва бори аввал наздиконаш- модар, ҳамсар ва бародараш имкон пайдо карданд, ки дар он ширкат намоянд.
Яке аз наздикони Завқибек Саидаминӣ, ки дар мурофиа ширкат дошт, дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ӯ аз талаби айбдоркунандаи давлатӣ барои 7,5 соли зиндон норозигӣ кард ва эътироз намуд, ки ваҷҳҳои пешниҳоднамудаи ӯ ба назар гирифта нашуданд.
Ӯ гуфтааст, ки дар робита ба пешгирии ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ, махсусан ширкати ҷавонон тоҷик дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ва ДИИШ барномаҳои телевизионӣ омода ва пахш мекард ва бештари онҳо самар доданд.
Номбурда афзудааст, ки ҳарчанд барои ин барномаҳояш ӯ аз сӯи афроди нишинос таҳдид мешунид, вале корашро давом медод ва кӯшиш мекард, ки барои пешгирии ин падлидаи номатлуб саҳмгузор бошад.
Ёдовар мешавем, ки Завқибек Саидаминӣ моҳи июли соли равон аз ҷониби кормандони мақомоти интизомии шаҳри Ваҳдат боздошт ва дертар барои ҳамкорӣ бо ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом ва “Гурӯҳи 24” (созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон) гумонбар шуд. Худи ӯ ва наздиконаш ҳамеша иртибот ё ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ дар Тоҷикистонро рад кардаанд.
Ҳоло ба ғайр аз Завқибек Саидаминӣ, парвандаи Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзноманигори дигари боздоштшудаи тоҷик низ дар додгоҳ баррасӣ мешавад.
Парванда Абдусаттор Пирмуҳаммадзода аз ҷониби Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ баррасӣ шуда, аллакай ду мурофиа дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе (СИЗО) баргузор гардид.
Абдусаттор Пирмуҳаммадзода моҳи июли имсол дастгир ва ба ифротгароӣ гумонбар аст. Ӯ бо ирсоли як нома ба наздиконаш, ки дастраси Радиои Озодӣ шудааст, гуфта, ки зери фишори муфаттишон ба гуноҳ иқрор карда, аммо дар асл худро бегуноҳ мешуморад.
Ёдовар мешавем, ки ба ғайр аз Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, ду рӯзноманигори дигари тоҷик Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ ҳам боздошт ва бо гузашти тақрибан се моҳ яке ба 10 сол ва дигаре ба 7,5 сол равонаи зиндон шуданд.
Мурофиаи онҳо низ дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) пушти дарҳои баста баргузор шуд ва наздикону пайвандон ва журналистон ба он роҳ наёфтанд.
Далери Имомалӣ худро қисман гунаҳкор ва Абдуллоҳ худро пурра бегуноҳ медонанд.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ боздошту муҳокима ва ҳукми рӯзноманигоронро ғайриқонунӣ хонда, аз мақомоти Тоҷикистон даъват карданд, ки онҳоро фавран озод кунанд.





Мақомот аз боздошти як гурӯҳи ҷиноӣ хабар доданд, ки ба даст задани 11 ҷиноят, аз ҷумла одамкӯшӣ ва роҳзанӣ гумонбаранд
Сурия як сол пас аз Башор Асад: Аҳмад Шаръ метавонад мушкилоти навро ҳал кунад?
Чин дар ҷаласаи СММ аз “Толибон” хост, куштори шаҳрвандонаш дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро таҳқиқ кунанд
Масъулин мегӯянд, дар пайи боронҳои чанд рӯзи охир таъмини барқ “беҳтар шуд”, аммо сокинон рад мекунанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 декабри соли 2025
Гази моеъ беш аз 1 сомонӣ арзон шудааст
“Фарҳанги суманакпазӣ” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд
Маҳдудияти таҳсил барои надонистани забони русӣ. Чӣ гуна ҳазорҳо кӯдаки муҳоҷирон дар Русия аз таҳсил дур мондаанд?
Боздошти як мард дар Ҳамадонӣ бо гумони лутукӯби ҳамсараш, ки ба марг оварда расонидааст
Мазҳаб Ҷумъа, муҳаррири “Азия-Плюс” барандаи ҷоиза - “Барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар рӯзноманигорӣ” шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста