Дар соли 2022-юм 60 блогери тоҷик ба буҷаи давлат 1 млн 359 ҳазору 700 сомонӣ андоз пардохт кардаанд, хабар медиҳад рӯзномаи “Садои мардум” бо такя ба Кумитаи андози Тоҷикистон.
Манбаъ менависад, ки онҳо дар ин давра 29,7 млн.сомонӣ даромад ба даст оварда, 59 корманди кироя ҳам ҷалб кардаанд, ки дар натиҷа ба ҳар як корманд 929 сомонӣ маош пардохт кардаанд.
Ин ниҳод гуфтааст, блогерон дар муқоиса ба даромадашон андози кам месупоранд ва назорати шаффофияти кори онҳо мушкил аст.
“Вале ин амал на дар ҳама ҳолат қулай аст. Масалан, мешавад ҳолате, ки блогер пули рекламаро аз фармоишгар нақд мегирад ва мақомот наметавонад тамоми “пост”-ҳову “сториз”-ҳои ӯро назорату ҳисоб кунад. Аз ин рӯ, дар баробари корҳои фаҳмондадиҳии кумита хуб мешавад, агар иловатан барои дилгармии блогерон имтиёз пешбинӣ гардад”,- омадааст дар мақола.
Кумитаи андоз гуфтааст, то ин муддат ба 80 блогер барои сабти ном огоҳӣ додааст.
“То якуми январи соли ҷорӣ дар мақомоти андоз 60 субъекти соҳибкорӣ, ки тавассути шабакаҳои интернет ба блогерӣ машғул мебошанд, ба қайди давлатӣ гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35 адад зиёд мебошад”,- иттилоъ додаанд аз кумита
Гуфта мешавад, ки ҳар як блогер дар умум 7 фоиз андоз месупоранд ва ҳар семоҳа даромадашонро ба кумита пешниҳод мекунанд.
“Масалан, агар блогер дар се моҳ 10 ҳазор сомонӣ даромад дошта бошад, 700 сомонӣ андоз месупорад”, - гуфтаанд масъулини Кумитаи андози Тоҷикистон.
Шурӯъ аз соли 2020 сабти номи блогерҳо дар мақомоти андози Тоҷикистон оғоз шуд. Он замон ба Кодекси андоз тағйиру иловаҳо ворид гардид.
Мақомот гуфта буданд, ки ин талаботи замон аст, чунки ин соҳа босуръат дар ҳоли рушд буда, дар кишварҳои рушдёфта гардиши пул дар ин бахш хеле зиёд аст.
Ба қавли ӯ, ҳама, аз ҷумла блогерон низ назди қонун баробаранд.
“Мувофиқи қонунгузории нави андоз ҳамаи шахсони дорои даромад бояд андоз аз даромад пардохт намоянд. Шахсоне, ки бо кори кори душвори ҷисмонӣ пул кор мекунанд, андоз пардохт мекунанд, блогерон, ки бо кори осон ҳатто зиёдтар аз онҳо маблағ ба даст меоранд, бояд андоз пардохт намоянд”, - гуфта буд як корманди Кумитаи андоз дар суҳбат бо “Азия-Плюс”.
Аввалин паради Артиши Тоҷикистони соҳибистиқлол чӣ гуна гузашт?
Рӯзи Артиши миллии Тоҷикистон муборак!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 феврали соли 2025
Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев созишномаи ниҳоии таъини марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо кардаанд
Дар Эрон кадом маконҳои таърихиву сайёҳиро дидан мумкин аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 феврали соли 2025
“Шӯҳрат намехоҳам, талош дорам таърихро таҳқиқ кунам ва таълим диҳам”. Камолуддин Абдуллоев 75 сол шуд
“Шкаф” - “тумбочка” ва “короче” - “просто”. Калимаҳои маъмули русӣ ба тоҷикӣ чӣ гуна тарҷума мешаванд?
“Афсӯс, ки дастгир шуданд”. Шаҳрванди Қирғизистон барои шарҳе зери навори боздошти гумонбарони ҳамла ба “Крокус” 3 сол равонаи зиндон шуд
Парвандаи кормандони “Агроинвестбонк” баъди 3 сол дубора тафтиш шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста