Имрӯз, дар кишвар тақрибан 2,5 ҳазор табиб ва беш аз 600 ҳамшираи тиб намерасанд. Ин дар ҳолест, ки тобистони соли гузашта, соҳа ба 3 ҳазор табиб ва 1 ҳазору 700 ҳамшираи тиб ниёз дошт. Дар ин бора Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар дод.

Номбурда дар посух ба суоли “Азия-Плюс” дар нишасти матбуотии имрӯза, 10-уми феврал, гуфт:

- дар вилояти Суғд  601 табиб ва 165 ҳамшираи тиб;

- дар вилотяи Хатлон 893 табиб ва 10 ҳамшираи тиб;

- дар шаҳри Душанбе 59 табиб ва 40 ҳамшираи тиб;

- дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ 453 табиб ва 153 ҳамшираи тиб;

- дар муасисаҳои хусусии тиббӣ 153 табиб ва 77 ҳамшираи  тиб;

- дар муасисаҳои идораӣ 153 табиб ва 105 ҳамшираи тиб;

- дар маҷмӯъ, дар кишвар  2 ҳазору 463 табиб ва 605 ҳамшираи тиб намерасад.

Вазир дар робита ба норасоии кадрӣ дар ВМКБ иттилоъ надод, аммо омори норасоии кадрӣ, ки тибқи рӯйхати минтақаҳо эълон карда шуд, аз омори умумӣ 151 нафар кам мебошад. Ба эҳтимоли зиёд ин камомад омори норасоии кормандони соҳаи тиб дар ВМКБ мебошад.

Ӯ гуфт, дар соли хониши 2022-2023 2 ҳазору 23 нафар риштаи тибро хатм карда, ҳамаашон ба зинаҳои интернатура ва орденатура ҷалб гардиданд.

“Аз 1 ҳазору 419 хатмкунандагони соли хониши 2021-2022 117 нафар зинаи интернатураро то ҳол хатм накардаанд ва 212 нафар барои кор умуман муроҷиат накарданд. Боқимонда бо роҳхати Вазорати тандурустӣ ба муасисаҳои тандурустӣ ба кор сафарбар шуданд”, - иттилоъ дод Ҷамолиддин Абдуллозода.

Ба гуфтаи ӯ, ба ғайр аз ин, 427 донишҷӯе, ки бо шартнома таҳсил  карданд ва 235 нафари дигар баъди хатми орденатура ба муассисаҳои тандурустӣ ба кор таъмин гардиданд.

Ҷамолиддин Абдуллозода
Asia-Plus

Гуфта шуд, ки дар соли 2022 3 ҳазору 172 донишҷӯ дар риштаи тиб дар донишгоҳу донишкадаҳо ва 15 ҳазору 201 ҳамшираи тиб дар колеҷҳо таҳсил мекунанд.

“Табибон то 3,5 ҳазор маош мегиранд”

Дар робита ба маоши табибон ва ҳамшираҳо вазири тандурустӣ гуфт, баъзе табибоне ҳастанд, ки то 3,5 ҳазор сомонӣ маош мегиранд.

Ӯ гуфт, маоши ҳамшираи тиб ба навбатдорӣ вобаста аст ва аз 1,5 ҳазор сомонӣ сар мешавад ва то 3-3,5 ҳазор сомонӣ мегиранд.

“Барои нигоҳ кардани табибон ва нарафтан ба хориҷи кишвар аз 1-уми июл маоши кормандони тандурустӣ 20 фоиз зиёд мегардад. Ғайр аз ин, ба тамоми раисону шаҳру навоҳӣ супориш дода шудааст, кормандони тандурустӣ ва маорифро ҳавасманд кунанд, махсусан бо таъмин кардани онҳо ба замин”, - шарҳ дод Ҷамолиддин Абдуллозода.

Номбурда гуфт, ҳарчанд масъалаи норасоии кадрӣ коҳиш ёфтааст, вале имрӯз мақсади вазорат баланд бардоштани сифати хидматрасонии кормандон аст ва барои ин онҳо кормандони соҳаро на танҳо дар дохили кишвар, ҳамчунин ба хориҷи кишвар, аз ҷумла дар Ӯзбекистон, Русия, Эрон ва баъзе кишварҳои Аврупоӣ барои баланд бардоштани савияи донишу таҷриба ба такмили ихтисос ҷалб мекунанд.

“Қариб 1, 5 ҳазор табибу ҳамшираи тиб ба Русия рафтанд”

Ҷамолиддин Абдуллозода, дар робита ба тарки табибон ва ҳамшираҳои тиб дар даврони пандемия омори мушаххас нагуфт ва танҳо илова кард, ҳар табибе, ки ба хориҷи кишвар ба кор рафта, баъди чанде ба Тоҷикистон бармегарданд, онҳо ба кор таъмин мекунанд.

“Имрӯз дар ин самт монеае нест. Мо таҷрибаи ӯро нигоҳ карда, имконияти муассисаро ба назар гирифта, мутахассисро ба кор таъмин мекунем”, - гуфт вазири тандурустӣ.

Ӯ афзуд, дар робита ба Русия рафтани табибони тоҷик ва дубора баргаштанашон ба Тоҷикистон ба сафорати Русия дар Тоҷикистон тариқи мактуб муроҷиат карданд ва онҳо омори мушаххас пешниҳод накарданд.

Абдуллозода гуфт, 1 ҳазору 496 табиб ва ҳамишраи тиб ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафтанд, ки аз ин 1 ҳазору 187 ҳамшираи тиббӣ буданд.

Ба гуфтаи ӯ на ҳамаи ҳамшираҳои тиб барои кор ба Русия рафтанд, балки аксари онҳо  ба назди шавҳаронашон рафтанд.

Ӯ афзуд, 1 ҳазору 518 табиб ва ҳамшираи тибро ба кор қабул кардаанд.

Норасоии кадрӣ кам шудааст

Ёдовар мешавем, ки Ҷамолиддин Абдуллозода дар нишасти матбуотии моҳи июли соли 2022 гуфта буд, ки дар кишвар 3024 табиб ва 1701 ҳамшираи тиб намерасад.

Он замон вазир хабар дода буд, ки дар вилояти Хатлон 1157 табиб ва 2212 ҳамшираи тиб, дар вилояти Суғд 610 табиб ва 480 ҳамшираи тиб ва дар ВКМБ 58 табиб ва 9 ҳамшираи тиб намерасад.

Тибқи иттилои расмӣ, ҳоло дар муассисаҳои тиббии Тоҷикистон 21 ҳазору 170 табиб ва 61 ҳазору 383 корманди миёнаи тиб кор мекунанд, ки ин нисбат ба  соли 2021 1,8 ва 1,7 дарсад зиёд мебошад.

Тибқи омори пешакӣ банд будани воҳидҳои кории табибон 87 фоиз ва кормандони миёнаи тиб 95 фоизро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 тахминан 3,8 ва 2,1 фоиз зиёд мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.