Ба бозори хидматрасонии таксии Тоҷикистон боз як бозигари нав - ширкати “Яндекс GO” ворид шуд. Ин ширкат, ки ҳанӯз ду моҳ қабл овозаҳо дар хусуси вориди бозори таксии Тоҷикистон шудани он паҳн гардида буд, аз имрӯз, 15-уми феврал ба кор оғоз намуд. Хидматрасонии ин ширкат ҳоло танҳо дар Душанбе дастрас аст.
Дар ин хусуси Кирилл Свинцов, директор оид ба рушди “Яндекс GO” дар ИДМ хабар дод.
Ӯ гуфт, ки нархи хидматрасонии ширкати мазкур аз 10 сомонӣ оғоз мегардад ва муштариён метавонанд бо нишон додани нишонии дурусти худ ва нуқтаи расидан ба макони лозима, арзиши хидматрасониро аз қабл маълум намоянд.
Гуфтан ба маврид аст, ки хабарҳо дар хусуси воридшавии ширкати “Яндекс GO” ба бозори хидматрасонии таксии Тоҷикистон замоне расонӣ шуд, ки кормандони БДА-и Душанбе ба чидани рақами қайди давлатии таксиҳое пардохтанд, ки соли бароришашон аз то соли 2016 аст. Он замон мақомот бо ҳар баҳона сабаби аслии ин иқдомро шарҳ надоданд, аммо маҳз дар он замон пайдо шудани эълонҳои таблиғотии ин ширкат дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтугӯҳоро дар хусуси вориди бозор шудани “Яндекс GO” зиёд намуд.
Хатсайри автобус миёни Хуҷанд ва Новосибирск. Ҷадвали ҳаракат ва арзиши чиптаи онро муайян кардем
Дар Тоҷикистон лимону сабзӣ арзон ва гӯшту шир қимат шуданд
“Модарам мехонд, ман ҳифз мекардам”. Фараҳбахш бо вуҷуди нобино будан, чӣ тавр дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” ғолиб шуд?
Тоҷикистон ҳам аз хидматрасонӣ ба корти UnionPay-и “Газпромбанк” даст кашид
“Онҳо моро одам ҳисоб намекарданд”. Чаро тоҷики хориҷшуда дигар ба Русия рафтан намехоҳад?
Баъди марги Тарона ва гузориши “Азия-Плюс”, раиси шаҳри Панҷакент дастури ҷудо кардани замин ва бунёди мактабро дод
Размикори мағлубнашудаи тоҷик Наботов барои қарордод бо UFC бо кӣ рақобат мекунад?
Муҳоҷирати корӣ ба Кувайт. Ёддошти тафоҳуми имзошуда онро чӣ гуна танзим мекунад?
“Танҳо дар тобистон барқ медиҳем”. “Барқи тоҷик” созишномаи интиқоли барқ миёни Тоҷикистон ва Афғонистонро шарҳ дод
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Вазири бахшанда ва вазири хасис”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста