Соли 2022 дар вилояти Суғд 68 ҳолати ғайриқонунӣ ба роҳ мондани таълимоти динӣ ошкор карда шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 4 ҳолат кам мебошад. Дар ин бора прокурори вилоят Фурқат Хоҷазода дар нишасти матбуотии ин ниҳод хабар дод.
Бино ба иттилои ӯ, чунин ҳолат дар шаҳру ноҳияҳои зерин ба қайд гирифта шудааст:
- ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – 11;
- шаҳри Панҷакент – 10;
- шаҳри Истаравшан – 9;
- шаҳри Исфара – 8;
- ноҳияи Мастчоҳ – 4;
- дигар шаҳру ноҳияҳо аз 1 то 3 ҳолат.
Дар умум, соли 2022 дар вилояти Суғд 266 нафар ба таълимоти ғайриқонунии динӣ фаро гирифта шудаанд, ки аз ин теъдод, 54 нафар ноболиғон, 212 нафар аз синни 18 сола боло ва 44 нафар хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд.
Фурқат Хоҷазода зикр кард, ки дар робита ба ҳолатҳои ошкоргардида шахсони гунаҳкор муайян ва алайҳи онҳо парванда боз шудааст.

Гуфтан ба маврид аст, ки тибқи талаботи қонунгузории кишвар таҳсилоти динӣ дар назди рӯҳониён манъ аст. Дар кишвар бошад, як донишкадаи исломӣ ба таври расмӣ фаъолият мекунад, ки наздики ҳазор нафар дар он таҳсил менамоянд. Ҳар нафаре, ки мехоҳад таълимоти динӣ гирад, тибқи муқаррароти қонун, бояд дар ин муассисаи расмии динӣ таҳсил намояд. Дар ҳолати ғайр ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
Ҳоло дар Душанбе бунёди бинои нави Донишкадаи исломӣ ҷараён дорад, ки дар кишвар ягона буда, дар он 1,5 ҳазор нафар донишҷӯён метавонанд таҳсил намоянд.
Ҳамчунин, чанд сол қабл, мақомоти кишвар ба баргардонидании донишҷӯёни тоҷике оғоз карданд, ки дар давлатҳои хориҷӣ таълимоти динӣ мегирифтанд. Ҳоло ҳарчанд расман таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳои динии кишварҳои хориҷӣ манъ нашудааст, аммо сокинони Тоҷикистон аз сафар ба хориҷа барои таҳсили динӣ худдорӣ мекунанд.
“Сарбозшикор”. Чӣ бояд кард, агар “облава” шудед?
Роҳе, ки се моҳ пеш аз “киса”-и муҳоҷирону сокинон сохта шуд, қисман хароб гардидааст
Боздошти як мард бо гумони латукӯби ҳамсари додараш, ки ба марг оварда расонид
БОР дар ду соли наздик рушди устувори иқтисоди Тоҷикистонро пешгӯӣ мекунад
Чаро нархи истифодаи барқ дар Тоҷикистон доимо боло меравад?
Дар “Dushanbe Grand Slam-2025” 36 ҷудокори тоҷик ширкат мекунанд. Онҳо киҳоянд?
“Парасту-2025”: Кай ва дар куҷо кадом намоишнома ба саҳна гузошта мешавад?
Шиносоии сарвазири Тоҷикистон аз сохтмони иншооти ҷашнӣ дар Хатлон
Дар пайи фаромадани тарма дар Рӯшон роҳи Душанбе-Хоруғ муваққатан баста аст
“Шаш касро аз коми оташ наҷот доданд”. Ҷузъиёти сӯхтор дар маркази Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста