Шаби гузашта наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фвақулодаи Тоҷикистон, ки дар корҳои ҷустуҷӯ дар минтақаҳои аз заминларза осебдидаи Туркия иштирок карданд, ба ватан баргаштанд.
Дар фурудгоҳи Душанбе имдодгаронро намояндагони ҳукумат, КҲФ, сафири Туркия дар Тоҷикистон, пайвандону наздикони онҳо ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ пешвоз гирифтанд.

Ёдрас мекунем, ки гурӯҳи наҷотдиҳандагон ва кормандони тиббии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ рӯзи 9 феврал ба Туркия раҳсипор шуданд.
Кори имдодгарони тоҷик дар минтақаи бештар осебдидаи Қаҳрамонмаръаш оғоз гардида, сипас онҳоро ба қитъаи дигар - Хатой сафарбар карданд.

Дар давоми кор имдодгарони тоҷик 3 нафарро зинда наҷот дода, 217 ҷасади фавтидагонро аз зери харобаҳо берун оварданд.
Дар ҷараёни корҳо президенти Туркия Раҷаб Тайип Эпрдуғон ва вазири мудофаи миллии ин кишвар Хулуси Аскар боа наҷотдиҳандагони тоҷик вохӯрда, ба онҳо изҳори миннатдорӣ карданд. Маросими гусели наҷотдиҳандагони тоҷик дар фурудгоҳи Туркия
Дар ҳамин ҳол, теъдоди ҳалокшудагон бар асари заминларза дар Туркия ва Сурия то 49 ҳазор нафар расид.
“Сарбозшикор”. Чӣ бояд кард, агар “облава” шудед?
Роҳе, ки се моҳ пеш аз “киса”-и муҳоҷирону сокинон сохта шуд, қисман хароб гардидааст
Боздошти як мард бо гумони латукӯби ҳамсари додараш, ки ба марг оварда расонид
БОР дар ду соли наздик рушди устувори иқтисоди Тоҷикистонро пешгӯӣ мекунад
Чаро нархи истифодаи барқ дар Тоҷикистон доимо боло меравад?
Дар “Dushanbe Grand Slam-2025” 36 ҷудокори тоҷик ширкат мекунанд. Онҳо киҳоянд?
“Парасту-2025”: Кай ва дар куҷо кадом намоишнома ба саҳна гузошта мешавад?
Шиносоии сарвазири Тоҷикистон аз сохтмони иншооти ҷашнӣ дар Хатлон
Дар пайи фаромадани тарма дар Рӯшон роҳи Душанбе-Хоруғ муваққатан баста аст
“Шаш касро аз коми оташ наҷот доданд”. Ҷузъиёти сӯхтор дар маркази Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста