Реҷаи маҳдуди истифодаи барқ ё худ лимит, ки дар Тоҷикистон аз 1 феврал расман эълон шуда буд, дар бархе аз ноҳияҳо қисман бекор шудааст.
Тавре ки ба “Азия-Плюс” сармуҳандиси шабакаи тақсимоти Бохтар Раҷабалӣ Бояков хабар дод айни замон барқ ба истеъмолгарон дар ҳаҷми пурра интиқол дода мешавад. Шабакаи зери раҳбарии ӯ ба хидматрасонии 13 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон масъул аст.
“Ҳеҷ гуна маҳдудият нест”, - изҳор дошт ӯ.
Аз шабакаҳои тақсимоти барқи шаҳри Хуҷанд низ хабар доданд, ки аз 1 март интиқоли барқ дар шаҳр шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудааст.
Баъзе сокинон ҳам зимни суҳбат бо мо ин маълумотро тасдиқ карданд.
Аз бекор шудани лимити барқ сокинони Истаравшан ва ноҳияҳои гирду атрофи он дар шимоли Тоҷикистон низ хабар медиҳанд.
Бари рӯшанӣ андохтан ба ин масъада мо ба ШСХК “Барқи тоҷик” муроҷиат кардем, вале дар ин ҷо гуфтанд, ки дар мавриди лимити аз моҳи феврал эълоншуда ва дар кадом шаҳру навоҳӣ мавҷуд будани он ҳоло чизи мушаххасе гуфта наметавонанд.
“Баъдан дар ин бора иттилои расмӣ омода мекунем”, - гуфтанд дар хадамоти матбуоти ширкат.
Дар ҳамин ҳол, ба сокинони деҳоти Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози мавсими тирамоҳу зимистон ба таври маҳдуд барқ интиқол дода мешавад.
Ширкати “Барқи тоҷик” муддати зиёд ҷорӣ шудани маҳдудиятро инкор мекард, лекин охири моҳи январ дар бораи аз 1 феврал ҷорӣ гардидани реҷаи маҳдуди истифодаи барқ бар асари норасии захираҳои обиву энергетикӣ хабар дод.
Дар хабар зикр гардида буд, ки маҳдудият танҳо ба шаҳрҳои нисбатан бузурги ҷумҳурӣ дахл нахоҳад кард.
Реҷаи маҳдуди интиқоли барқ то ҳол дар бархе аз ноҳияҳо амал мекунад.
Дар ширкати “Барқи тоҷик” қаблан изҳор дошта буданд, ки бекор шудани маҳдудияти интиқоли барқ ба шароити обуҳаво ва захираҳои обӣ вобаста аст.
ҲАМОС ҷасади чаҳор гаравгонро ба Исроил супорид
Таваҷҷуҳи фаронсавиҳо ба сохтмони НБО дар дарёи Зарафшон
“Равшан”-и Кӯлоб шарти дастаи Русияро ба 1 млн рубл қабул кард
Додгоҳи олӣ: Ҳамаи маҳкумшудагони парвандаи “табаддулоти давлатӣ” аз ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд
Лавров: “Шартномаи душаҳрвандӣ ба манфиатҳои Тоҷикистону Русия ҷавобгӯ аст”
Ҷодугарӣ ва фолбинӣ. Вазир гуфт, беш аз 1100 нафар боздошт шуданд
Муҳлати боздошти муттаҳамони ҳамла ба “Крокус” барои як моҳи дигар дароз карда шуд
Сокинони Тоҷикистон дар моҳи март чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Сергей Лавров гуфт, зидди реҷаи раводид барои муҳоҷирони корӣ аст
Саломатии кӯдаке, ки дар Хуҷанд зери мошин монд, муътадил арзёбӣ мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста