Давоми моҳҳои январ-феврали соли 2023 нархҳо ба маҳсулоти хӯрокворӣ дар Тоҷикистон 1,3% боло рафтанд, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.
Ин нишондиҳанда ба андозаи 0,3 банди фоизӣ зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 аст.
Тӯли 2 моҳи аввали соли равон нархҳо нисбатан зиёдтар ба гурӯҳи молу маҳсулоти зерин боло рафтанд:

Тибқи маълумоти Агентӣ, дар 2 моҳи соли ҷорӣ нархҳо ба маҳсулоти ғайриозуқа ба андозаи 1,0% боло рафтанд, ки 0,5% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад.
Болоравии нархҳо ба маҳсулоти ғайриозуқа дар соли равон дар навбати аввал ба қиматшавии гурӯҳи зерини молу маҳсулот нисбат дода мешавад:

Дар моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ тарифҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 0,1% боло рафтанд, асосан аз ҳисоби афзоиши нархи таъмир ва дӯхтани пойафзол (7,2%), билетҳои ҳавопаймоӣ (2,4%), таҳсил (0,4%), хидматрасонӣ дар тарабхона ва меҳмонхонаҳо (1,0%).
Ба сурати умум, тибқи маълумоти Агентии омор, моҳҳои январ-феврали соли 2023 мизони таваррум дар бозори истеъмолии кишвар 0,9%-ро ташкил дод, ки 0,2% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 аст.
Аз рӯи натиҷаҳои соли 2022 дар ҷумҳурӣ сатҳи рекордии пасти таваррум - 4,2% ба қайд гирифта шуд.
Нишондиҳандаи ҳадафноки таваррум барои соли 2023 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи 6,0% (+/-2 б.ф.) пешбинӣ шудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
"Мисли қаҳрамони асараш даргузашт". Дар Душанбе бо Саттор Турсун видоъ карданд
Ба сарбози тоҷик, ки ҳангоми муноқишаи марзӣ дар Исфара кушта шуд, “Ордени Шараф” доданд
Оғози конфронси Фонди байнулмилалии наҷоти Арал дар Душанбе
Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқот бо Сергей Лавров ба риояи ҳуқуқи муҳоҷирон таъкид кард
“Агарчи сахт мегуфт, вале дилсӯзона мегуфт”. Аҳли адаб аз эҷод ва рӯзгори Саттор Турсун ёд карданд
Вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Русия масоили муҳоҷират ва мушкилоти алоқаманд ба онро баррасӣ карданд
Дар Қирғизистон аз табаддулоти давлатӣ пешгирӣ шуд
БАТР роҳбари нави худро дар Тоҷикистон таъин кард
Лавров: “Тоҷикистон ба зудӣ манфиатҳои худро дар ИИАО муайян мекунад”
Саттор Турсунро дар Оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста