Барои таҷлили ҷашни Наврӯзи ҷумҳуриявии имсола бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд наздики 19 ҳазор нафар ба тамрини барномаи фарҳангӣ ё “маршировка” машғуланд.
Як манбаъ аз ҳукумати вилояти Суғд ба “Азия-плюс” гуфт, ки барномаи фарҳангӣ ва асосии Наврӯзи ҷумҳуриявии имсола охири моҳи март дар варзишгоҳи “20 солагии Истиқлолият” - и шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад ва барои омодагӣ ба он 19 ҳазор нафар, аз ҷумла ҳудуди 12 ҳазор нафар донишҷӯёну хонандагони мактаб ҷалб шудаанд.
“Роҳбари бадеии чорабинии наврӯзӣ Баҳриддин Раҷабов аст ва аз шаҳри Душанбе таъин гардидааст. Шурӯъ аз моҳи март тамрин оғоз гашта, дар чорабинии фарҳангӣ ва театрикунонидашуда расму оинҳои наврӯзӣ, урфу одат, анъанаҳои миллӣ, дастовардҳои замони истиқлолият намоиш дода мешаванд. Барои дар сатҳи баланд баргузор гаштани он ситод ҳам таъсис ёфта, ҳамрӯза корбарӣ мекунанд”, - гуфт манбаъ.
Ба қавли ин манбаъ, ба “маршировка” донишҷӯёну хонандагон аз донишгоҳҳову мактабҳои маркази вилоят ҷалб гардида, аввал дар 4-5 минтақаи шаҳри Хуҷанд тамрин кардаанд ва наздики як ҳафта мешавад, ки ҳамаи онҳо дар варзишгоҳи “20 солагии Истиқлолият” тамрин мекунанд.
“Қариб се ҳафта мешавад, ки ба варзишгоҳ меоем. Ин ҳафта аз шаҳру ноҳияҳо низ иштирокчиён омада истодаанд ва ҳоло мо дар ин ҷо аз саҳар то бегоҳ тамрин менамоем. Моро аз дарс озод кардаанд ва гуфтанд, ки дар вақти санҷишу имтиҳон дастгирӣ мекунем. Аз ҳар факултету мактаб омӯзгорону устодон масъул шудаанд ва онҳо ҳамроҳи мо омада, назорат мекунанд”, - зикр намуд як нафар донишҷӯ, ки дар “маршировка” ширкат дошт.
Ба ғайр аз донишҷӯёну хонандагон дар ин барномаҳои фарҳангӣ ҳамчунин, кормандони соҳаи фарҳанги шаҳру ноҳияҳо низ иштирок доранд.
Ин ҳама омодагӣ барои таҷлили Наврӯзи ҷумҳуриявӣ бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аст. Санаи дақиқи баргузории ҷашн гуфта намешавад, аммо тибқи маълумоти Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 29 то 31-уми март ба вилояти Суғд сафар хоҳад кард. Ӯ аз 20 то 25-уми март ҷиҳати иштирок дар Конфронси оби СММ ба шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар карда буд.
Бояд гуфт, ки баҳси ҷалби донишҷӯён ба тамринҳои идона ё “маршировка” чандин сол аст, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон баррасӣ мегардад. Донишҷӯён даъво доранд, ки онҳоро иҷборан ба тамрин меоранд ва дар ҳолати саркашӣ кардан, бо хориҷ кардан аз донишгоҳу мушкил бар супоридани санҷишу имтиҳонот таҳдид мекунанд. Масъулини ташкили ин гуна чорабиниҳо, аз ҷумла вазоратҳои маорифу бошад, ҷалби донишҷӯён ба “маршировка”-ро амали маъмулӣ ва афзояндаи ҳисси ватандӯстии ҷавонон медонанд.
Бонки ҷаҳонӣ барои сохтмони “Роғун” $350 млн грант ҷудо кард
“Тоҷикфилм” соли оянда чанд филмро маблағгузорӣ мекунад?
ҲХДТ ба интихоботи парлумонӣ 28 номзад пешниҳод кард. Онҳо кистанд?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Хашми подшоҳ бар надими худ”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 декабри соли 2024
Кӯчаҳои камодам, сокинони ҳаросон, посбонӣ дар гирди гулхан. Гузориш аз як деҳаи Конибодом, ки дар як шаб 4 касро куштанд
Фавти 2 кӯдак аз заҳролудшавӣ аз дуди ангишт дар Шаҳристон
Эмомалӣ Раҳмон бори дигар раиси ҲХДТ интихоб шуд. Ба вазифаи муовинони ӯ киҳо интихоб шуданд?
Мошинро аз дарё берун оварданд, вале ҷасадҳо нест. Ҷустуҷӯи ҷасади ронанда ва 2 мусофир идома дорад
Муҳокима дигарбора оғоз шуд. Манобеъ мегӯянд, “ба эҳтимоли зиёд то охири сол ҳукми чеҳраҳои шинохтаи боздоштшуда содир мешавад”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста