Аз “Оромгоҳи ҳазрати Амирҷон” то “Муҷассамаи модар”. 10 мавзеи фарҳангӣ - таърихии Кӯлоб
08:30, 30 март, 2023Муаллиф: Муборак Қосим, рӯзноманигори шаҳрвандии Asia-Plus
Ин шаҳр пойтахти фарҳангии ИСЕСКО мешавад?
Даромадгоҳи шаҳри КӯлобСурат: Аксҳо ҳама аз муаллиф
Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки шаҳри Кӯлоб дар соли 2024 ҳамчун Пойтахти фарҳангии ИСЕСКО эълон карда шавад.
Дар ин хусус сомонаи расмии ҳукумати вилояти Хатлон иттилоъ дода, навиштааст, ки масъалаи мазкур зимни мулоқоти Манучеҳр Шарифзода, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон бо Билол Ашшобӣ, намояндаи Созмони ҷаҳонии Ислом оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг масъалаи ҳамкориҳо дар соҳаи фарҳанг, аз ҷумла мероси таърихию фарҳангӣ, санъат, осорхона, китобхона, табъу нашр ва дигар унсурҳои фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ин пешниҳод аслан бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Созмони ИСЕСКО соли 2022 ироа гардидааст. Аммо ҳоло маълум нест, ки тасмими ниҳоӣ гирифта шудааст ё не.
Пеш аз ин, шаҳри Душанбе соли 2010 ҳамчун Пойтахти фарҳангии ИСЕСКО эълон гардида буд.
Дар робита ба ин, мо тасмим гирифтем аз мавзеҳои фарҳангии шаҳри Кӯлоб суратгузориши зеринро таҳия намоем:
Муҷтамаи 2700 - солагии Кӯлоб бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ соли 2006 дар майдони 10 гектар замин бунёд ёфтааст
Ҳайкали Исмоили Сомонӣ дар маҳаллаи Гулбоғи шаҳри Кӯлоб, ки дар баландии қариб 300 метр ҷойгир аст.
Оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар маркази шаҳри Кӯлоб яке аз мавзеъҳои машҳур ва зиёратгоҳи сокинони на фақат Кӯлоб, балки тамоми кишвар аст. Ин макон бештар бо номи “Оромгоҳи ҳазрати Амирҷон” низ маъруф аст.
Муҷассамаи сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ соли 2018 дар назди бинои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ифтитоҳ ёфт.
Ҳайкали шаҳидони ҷанги дуюми ҷаҳон соли 2017 бахшида ба 72-солагии Иди ғалаба бунёд шудааст. Дар боғи ғалабаи шаҳри Кӯлоб ҷойгир аст.
Муҷассамаи “Оила” соли 2015 бахшида ба “Соли оила” дар назди бинои шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Кӯлоб қомат афрохтааст ва ифодагари хушбахтӣ ва саодат мебошад.
Осорхонаи 2700 – солагии Кӯлоб соли 2006, дар арафаи таҷлили 2700-солагии шаҳри Кӯлоб сохта шудааст.
Маҷмааи Парчами давлатӣ бо баландии 50 метр ва Нишони давлатӣ бо баландии 30 метр дар маркази шаҳри Кӯлоб ҷойгир буда, соли 2016 рӯбарӯи ҳамдигар бунёд шуданд.
Осорхона ва муҷассамаи шоирони шинохта Ашӯр Сафар ва Саидалӣ Вализода.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Баъди 13 рӯзи озодӣ аз маҳбас. Боздошти як ҷавон бо гумони дуздии телефону дучарха
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2025 аз кадом ҳисоб зиёд мешаванд?
Вазири дифои Тоҷикистон дар Эрон. Бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд?
Дар Тоҷикистон расман бекорон қариб нестанд, вале...
Бо нозири минтақаи худ шинос шавед! Пулиси Душанбе “телеграм-бот”-и “Нозири минтақавии ман”-ро фаъол кард
Тоҷикистону Қирғизистон мехоҳанд хатсайри нави ҳавоӣ боз кунанд
Ҷароҳати 11 кас, кӯчонидани зарардидаҳо ва ҳаҷми кумакҳо ба сокинон. Ҷузъиёти рафъи паёмади заминларза дар Рашт
“Саргузашт”-и Пушкин ва мӯшикофии як ҷиноят. Дар рӯзи дуюми “Парасту-2025” дар оинаи театр чӣ ҷило ёфт?
Муҳити кӯҳӣ дар шаҳр. Рақобати дучархаронони 20 давлат дар Душанбе
Маскав интизор дорад, ки дар гузашти 9-уми май сарони 20 давлату ҳукумат ширкат кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста