Сар аз имрӯз, 12-уми апрел, ҳаракати нақлиёт дар кӯчаи А.Қаҳҳорови пойтахт то сарҳади ноҳияи Рӯдакӣ ба муддати номуайян маҳдуд мегардад. Дар ин бора Фарҳод Муродов, масъули Раёсати сохтмон ва роҳсозӣ дар шаҳрдории Душанбе ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, ин маҳдудият дар доираи татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе марҳила ба марҳила ҷорӣ шуда, то кай идома карданаш муайян нест.
“Бо сабаби гузаронидани корҳои сохтмону навсозии роҳи мошингарди кӯчаи А.Қаҳҳоров, дар ҳаракати воситаҳои нақлиёт марҳила ба марҳила (аз хиёбони С.Шерозӣ то сарҳади ноҳияи Рӯдакӣ) маҳдудият ворид карда мешавад. Вале ин роҳҳо ҳамарӯза баста нахоҳанд монд ва фақат дар ҷойҳое басташавии роҳҳо ба миён меояд, ки таъмир идома дошта бошад”, - шарҳ дод масъули шаҳрдорӣ.
Фарҳод Муродов гуфт, дар сурати баста шудани қисме аз роҳи хиёбони Саъдӣ Шерозӣ то сарҳади ноҳияи Рӯдакӣ ҳамзамон роҳҳои ҳамшафати он барои истифодаи сокинону меҳмонони пойтахт пешниҳод мешавад.
Аз ин рӯ, ин масъули шаҳрдории пойтахт аз ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш мекунад, ки бо назардошти муваққатан маҳдуд гардидани қисматҳои алоҳидаи роҳи мошингарди кӯчаи А.Қаҳҳоров талаботи аломатҳои роҳ ва дигар нишонаҳои гузошташударо риоя намоянд.
Дар мурофиаи чоруми чеҳраҳои шинохта 3 шоҳид алайҳи онҳо баромад кардааст
Таблиғи тарс: чӣ гуна муҳоҷирони тоҷик ҳамчун василаи таблиғ истифода мешаванд?
Корти бонкиро дар ватан фармоиш диҳед, дар Русия гиред
Озмуни “Фурӯғ...”. Рақобат барои “Шоҳҷоиза” чӣ гуна ҷараён гирифт?
Огоҳии дуюм. Вазорати меҳнат хабари пардохти кумакпулиро ба шаҳрвандон рад кард
“Дурӯғ, дурӯғи маҳз ва омор” Оё ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон дар Русия афзудааст?
Даромади операторони хусусии алоқа дар Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд
Қонунӣ шуд. Додрас шудан мехоҳӣ? Забони хориҷӣ омӯз!
“Лағви комили раводид”. Сафири Тоҷикистон дар Эрон омили асосии рушди тиҷоратро гуфт
Заминҳои номуносиб барои зиндагӣ. Ҳолати 30%-и заминҳои кишт дар Тоҷикистон хуб нест
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста