Ҷонибек Асозода, рассоми шинохта ва узви Иттифоқи рассомони Тоҷикистон ва Академияи мусавирии Тоҷикистон, аз бехонагӣ шикоят дорад. Хонаи ӯ 3 сол пеш, рӯзи сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон ба вилояти Хатлон, ба коми оташ рафт ва ӯ то ҳол натавонистааст, ки хонаи истиқоматиашро таъмир кунад.

Ба гуфтаи худаш, ин ҳодисаи нохуш рӯзи 17-уми сенятбри соли 2021 рух додааст.

“Дар хона 126 асари офаридаи худро нигоҳ медоштам, ки якеаш тӯҳфа ба Президент буд. Субҳи ҳамон рӯз асари тӯҳфагиро гирифта, ба Қасри фарҳанг рафтам ва тақрибан баъди як соат хабар расид, ки хонаам сӯхтааст. Ҳатто 750 китобҳоям ҳам ба нестӣ рафтанд”, - мегӯяд Асозода.

Ӯ ноумедона меафзояд, ки “аҳли фарҳанг номае ба Дастгоҳи иҷроияи Президент равон карданд ва ҳамин тавр мактуб то раиси ҷамоат бенатиҷа омада расид”.

Наздики 50 сол аст, ки Ҷонибек Асозода ба рассомӣ машғул аст ва имрӯз 70 сол умр дорад. Ӯ ҳоло аз мардуми минтақаи Кӯлоб ҳам норизо аст ва “беэҳтиромӣ ба касб, бетаваҷҷуҳӣ ба ҳунармандро ӯ маҳз дар ҳамин шаҳр шоҳид гаштааст”.

Ӯ бо ҳасрат нақл мекунад, ки “ҳатто дар ҷое ба тамошои асарҳои худам роҳ надоданд ва асарҳоямро бе иҷозати худам “давлатӣ” карданд”.

“Дар шаҳри Кӯлоб таваҷҷӯҳ ва эҳтиром ба ҳунар хеле кам аст. Ҳатто имрӯз натавонистам, ки хонаи сухтаамро азнавсозӣ кунам. Маҷбур шудам, яке аз писаронамро ба муҳоҷират фиристам. Ман метавонистам, ки тамоми асарҳоямро ба фурӯш гузараму соҳиби хонае шавам, вале метарсам, ки дар ин синну сол боз асар офарида метавонам ё на”, - мегӯяд Ҷонибек Асозода.

Ҷонибек Асозода соҳиби 3 писару 2 духтар аст. Дар даврони нооромиҳои кишвар натавонист духтаронашро соҳибмаълумот кунад, вале писаронаш ҳама пешаи падарро интихоб кардаанд.

Писари калонии рассом Шоҳрух Асозода ҳоло дар яке аз осорхонаи Кӯлоб кору фаъолият мекунад, писари дигараш Вайс Асозода ҳоло рассом ва тароҳи маъруф аст, ки зиёда аз 10 сол мешавад дар Душанбе кору зиндагӣ дорад.

“Ба Вайс дар Кӯлоб пешниҳоди хуби кори ҳам карданд, вале азобу заҳматҳои маро дида, аз баҳри ҳама пешниҳодҳо гузашту ба шаҳри Душанбе рафт. Писари хурдиям Фаридун Асозода ҳам рассом аст, ҳоло барои барқарор кардани хонаи падараш дар Русия муҳоҷир аст”- мегӯяд Ҷонибек Асозода.

Бояд гуфт, ки Ҷонибек Асозода рассоми машҳури ҷумҳурӣ мебошад. Ӯ дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Аз хурдӣ ба рассомӣ шавқу ҳаваси зиёд дошт ва устоди аввалинаш бародараш аст. Овони мактабхонӣ офаридаҳои ӯ дар нашрияҳои “Пионери Тоҷикистон” ва “Машъал” ба чоп мерасиданд.

Соли 1979 Колеҷи рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов-и шаҳри Душанберо хатм кардааст. Чанд муддат бар бахши фарҳанги ноҳияи Восеъ кору фаъолият мекунад ва дар ноҳия мактаби рассомии бачагонаро таъсис медиҳад.

Дар саросари ҷумҳурӣ асарҳояш ба намоиш гузошта мешаванд. Сафарҳои эҷодии ӯ аз соли 1985 оғоз шуданд. Асарҳои Ҷонибек Асозодаро дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ дар  давлатҳои хориҷӣ ба намоиш гузошта буданд ва то имрӯз ба чорабиниҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ даъват мешавад.

1/14

Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон ӯ ба давлатҳои Эрон, Қирғизистон, Русия, Хитой сафарҳои ҳунарӣ дошт. Ҳоло раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар Кӯлобро ба ӯҳда дорад, қаҳрамони мо тамоми умри худро ба ҳунари рассомӣ бахшидааст, гарчанд на дар ҳамаҷо ҳунарашро қадр мекарданду ҳақи заҳматҳояшро пардохт.

Ӯ узви Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, узви Иттифоқи арбобони театрии Тоҷикистон, узви Академияи мусавирии Тоҷикистон, Аълочии фарҳангӣ Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Тоҷикистон ва узви Иттиҳоди рассомони байналмилалӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Ҷонибек Асозода муаллифи беш аз 600 мусавара буда, зиёда аз 80 намоишномаҳои театриро оро додааст ва кариб 50 адад китоби шоирони муосирро нақошӣ кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.