Созмони байналмилалии ғайридавлатии “Гузоришгарони бидуни марз” рейтинги солонаи кишварҳоро аз лиҳози озодии матбуот нашр кард, ки Тоҷикистон дар он як зина поин рафтааст.

Тоҷикистон имсол миёни 180 кишвари ҷаҳон дар ҷойи 153-юм (39,06 хол) қарор дорад. Соли 2022 мақоми 152 ва соли 2021 ҷойи 162-умро соҳиб шуда буд.

Гузориши мазкур бо назардошти вазъи воситаҳои ахбори омма дар кишвар таҳия гардида, нишондиҳандаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ-фарҳангӣ, заминаи ҳуқуқӣ ва амниятӣ низ ба назар гирифта мешаванд.

Дар мавриди кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, ин созмон менависад, ки “як миқдор озодии матбуот ва гуногунандешии ВАО” танҳо дар Қирғизистон вуҷуд дорад ва ин кишвар дар раддабандии созмон зинаи 122-юмро соҳиб шудааст. Қирғизистон 49,91 хол гирифт ва якбора 50 зина поин рафт, вале дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ пешсаф боқӣ монд.

Пас аз он Қазоқистон -134 (54,87), Ӯзбекистон -137 бо 45 хол, Афғонистон - 152 (39,75 балл) ва Туркманистон - 176 (25,82 балл) қарор доранд.

Дар садри рӯйхати кишварҳое, ки вазъи озодии матбуот мусоид аст, давлатҳои Скандинавия буданд: Норвегия ҷойи 1 (95,18 хол), Ирландия ҷойи 2-юм (89,91 хол) ва Дания ҷойи 3-юм (89,48 хол), дар ҷои чорум (88,15 хол) ) Швеция. Финландия панчгонаи аввалро (87,94 хол) ба охир мерасонад.

Дар зинаи охирини раддабандӣ Кореяи Шимолӣ (тақрибан 22 хол) қарор дорад.

Шохиси ҷаҳонии озодии матбуот, ки ҳамасола аз ҷониби Созмони Гузоришгарони бидуни марз нашр мешавад, вазъи ин соҳаро дар 180 кишвари ҷаҳон арзёбӣ мекунад.

Коршиносон паёнравии мавқеи Тоҷикистонро мантиқӣ медонанд.

Дар моҳҳои июн ва июли соли 2022 мақомоти Тоҷикистон панҷ хабарнигор ва блогнависи тоҷик - Далер Имомалӣ, Абдулло Ғурбатӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Завқибек Саидаминиро боздошт карданд.

Ҳамаи онҳо дар иртибот бо созмонҳои мамнӯъ ва ифротгароӣ гунаҳкор дониста шуданд ва аз 7 то 10 сол равонаи зиндон гардиданд. Хабарнигорон иттиҳомоти алайҳи онҳо эълоншударо рад карданд ва гуфтанд, ки онҳо бегуноҳанд.

Аз ҷумла, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода дар номаи боздоштгоҳи тафтишотӣ навиштааст, ки ӯро дар шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат сахт шиканҷа кардаанд, то масъулияти ҷиноятҳои содирнашударо ба дӯш гирад.

Баъдан Додситонии кулл ин шикоятро рад кард. Шикояти кассатсиони аз ҳукми хабарнигорони боздоштшуда натиҷае надодааст.

Бо вуҷуди интиқод ва муроҷиатҳои зиёди созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар, мақомот алайҳи ин хабарнигорон чорае наандешидаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.