Моҳи апрели соли равон аз таъсиси Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 сол гузашт. Давоми фаъолияти худ ин ниҳод дар самти иҷрои санадҳои судӣ баъзе иқдомҳоеро рӯи даст гирифт.
Аз ҷумла, таъсиси “Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон”. Ҳадафи он ба таври иҷборӣ ситонидани қарзҳое аст, ки тибқи санади судӣ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ муваззаф шудаанд.
Ҳоло 7,3 ҳазор қарздор дар ин феҳрест ворид шудаанд, ки нисбати онҳо чораҳои иҷборан ситонидани қарз андешида мешавад.

Таъсиси “Низоми ягонаи идоракунии сарҳад ва раводид ҷиҳати пешгирӣ аз хуруҷи қарздорон аз ҳудуди Тоҷикистон” аз дигари тасмимҳои ин ниҳод аст. Шаҳрвандоне, ки номашон дар ин низом ҳаст, наметавонанд Тоҷикистонро тарк кунанд. То ҳол ба воситаи ин низом нисбат ба 9 ҳазору 343 нафар маҳдудият тарки кишвар ҷорӣ карда шудааст.

Яке аз дигар самтҳои фаъолияти ин ниҳод, ситонидани маблағи алимент аст. Ин ниҳод танҳо дар соли 2022 ҳудуди 40 млн сомонӣ алимент рӯёнидааст.

Тибқи иттилои Барно Саидвализода, сардори Хадамоти иҷро давоми 5сол ба истеҳсолоти иҷроҷиёни ин ниҳод 244 ҳазору 726 ҳуҷҷат вобаста ба иҷрои санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомоти давлатӣ ворид гардида, бо татбиқ намудани чораҳои иҷрои маҷбурӣ, иҷрои воқеии 196 ҳазору 871 (ё 80,4%) ҳуҷҷати иҷро ба манфиати давлат, шахсони воқеӣ ва шахсони ҳуқуқӣ таъмин гардидааст.
Аз ҳисоби ҳуҷҷатҳои иҷро ба манфиати буҷети кишвар 179,0 млн. сомонӣ, 33,2 млн. рубли Федератсияи Русия, 1,3 млн. доллари ИМА, 13,4 млн. риёли Арабистони Саудӣ, 200 ҳазор фунт стерлинги Британияи Кабир ва 306,1 ҳазор суми Ҷумҳурии Ӯзбекистон рӯёнида шудааст.
“Саргузашт”-и Пушкин ва мӯшикофии як ҷиноят. Дар рӯзи дуюми “Парасту-2025” дар оинаи театр чӣ ҷило ёфт?
Муҳити кӯҳӣ дар шаҳр. Рақобати дучархаронони 20 давлат дар Душанбе
Маскав интизор дорад, ки дар гузашти 9-уми май сарони 20 давлату ҳукумат ширкат кунанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҷароҳат” қисми 3
Заминларза. Чӣ гуна метавон худро ҳифз кард ва ба кадом хатоҳо набояд роҳ дод?
Охири ҳамин ҳафта ҳавои Тоҷикистон каме сарду серборон мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 апрели соли 2025
“Душманонаш ташкил карданд”. Ҳамсари раиси пешини Конибодом боздошти шавҳарашро тасдиқ, аммо айбро рад кард
Ҷаримаи як ронандаи таксӣ барои бадрафторӣ бо сайёҳони австралиягӣ
Қатар муҳоҷирони тоҷикро барои кор дар фурудгоҳ даъват мекунад. Маош чӣ қадар аст ва талабот чист?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста