Дар бинои Китобхонаи миллӣ дар Душанбе имрӯз таҳти унвони “Осиёи Марказӣ: дар роҳ ба сӯи ояндаи устувор тавассути ниҳоди пурқуввати минтақавӣ” конфронси байнулмилалӣ ба кор оғоз намуд. Он ба 30-юмин солгарди таъсиси Фонди байнулмилалии наҷоти Арал (ФБНА) бахшида мешавад. Имрӯз ва пагоҳ иҷлосияҳои асосӣ баргузор шуда, рӯзи 5 июн чорабиниҳои  иловагӣ ва махсус доир гардиданд.

Дар конфронс аз фаъолият ва дастовардҳои ФБНА дар таъсиси созмони байнидавлатии ҳавзавӣ барои ҳамкорӣ дар минтақа натиҷагирӣ мешавад.

Дар кори конфронс қариб 500 шахсони расмии воломақом, сиёсатмадорону олимон ва коршиносону ташаббускорон аз кишҳварҳои муассиси Фонд ва дигар минтақаҳо, намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байнулмилалӣ, ниҳодҳои молиявӣ, доираҳои илмӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор ширкат меварзанд.

Сурат: Asia-Plus

Ба масъалаи иштироки ҷавонону занон, намояндагони бахши хусусӣ ва доираҳои илмӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Барномаи имрӯза аз маросими ифтитоҳ, ҷаласаи умумӣ (пленарӣ), маросими супоридани ҷоизаҳо ва чаҳор ҷаласаи муколамаи интерактивӣ иборат аст.

Пагоҳ, 7 июн ду семинар оид ба ҳамкорӣ бахшида ба ояндаи захираҳои обӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист дар ҳавзаи баҳри Арал, инчунин омилҳо ва тарзҳои ёридиҳандаи техникӣ баргузор мешавад.

Сурат: Asia-Plus

Фонди байнулмилалии наҷоти Арал соли 1993 таъсис дода шуда, маблағгузорӣ ва қарздиҳӣ ба лоиҳа ва барномаҳои  байнидавлатии экологӣ ва илмӣ-амалӣ, ки ба наҷоти баҳри Арал ва солимгардонии вазъи экологӣ дар минтақаҳои аз фалокати Арал осебдида, инчунин ҳалли мушкилоти умумии иҷтимоӣ-экологии минтақа нигаронида шудааст, аз ҷумлаи ҳадафҳои Фонд унвон мешаванд.

1/2

Ба Фонди байнулмилалии наҷоти Арал президенти Тоҷикистон роҳбарӣ мекунад. Вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи Фондро намояндаи Тоҷикистон Султон Раҳимзода бар дӯш дорад.

Қобили зикр аст, ки имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо аъзои Раёсати Фонди байналмилалии наҷоти Арал мулоқот карда, зимни вохӯрӣ зикр шуд, ки Фонд дар давраи гузашта аҳамияти худро ҳамчун иттиҳодияе, ки барои ҳалли мураккаби маҷмӯи мушкилоти экологӣ ва ҳам иҷтимоию иқтисодӣ пешбинӣ шудааст, равшан нишон дод.

Инчунин дар фаъолияти амалии Фонд масъалаҳои об ва бисёр мушкилоти экологӣ ва иҷтимоию иқтисодии минтақаи мо ҳалли худро пайдо кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.