Имсол тибқи қарори Шӯрои уламои Тоҷикистон Иди Қурбон рӯзи 28-уми июн таҷлил мешавад. Дар ин бора Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои уламо гуфтаанд, мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рӯзи Иди саиди Қурбон дар кишвар ба чоршанбеи 28-уми июн рост меояд.
“Намози Иди Қурбон дар масоҷиди саросари кишвар соати 6:00-и субҳ муқаррар карда шуд”, - гуфт Афшини Муқим.
Бо назардошти он, ки як рӯз қабл аз Иди Қурбон дар Тоҷикистон ҷашни Ваҳдати миллӣ таҷлил мегардад, раёсати Шӯрои уламо зимни ҷаласаи хеш аз аъзои Шӯро ва имомхатибон даъват кардаанд, ки дар мавъизаҳояшон роҷеъ ба неъмати бебаҳои сулҳу оромӣ суханронӣ намуда, дар дастгирии ятимону пиронсолон ва табақаи ниёзманди ҷомеа, рушду шукуфоии кишвар саҳми худро гузоранд.
Иди Қурбон идест, ки онро ҳамасола мусалмонони ҷаҳон дар рӯзи 10-уми Зулҳиҷҷа, пас аз 2 моҳу 10 рӯзи Иди Фитр ҷашн мегиранд. Дар Иди Қурбон мусалмонони ҷаҳон ба сафари ҳаҷ рафта, зиёрати хонаи Худоро ба ҷо меоранд. Ашхоси тавонманд дар ин рӯз, тибқи расми ин ойини мазҳабӣ, чорво қурбонӣ карда, ба ҳамсояҳои камбизоат ва мардуми дастнигар либосворӣ ва ё пулу маводи ғизоӣ кумак мекунанд.
Дар Тоҷикистон таҷлили Иди Қурбон маъмулан бо намози ид дар тамоми масҷидҳо шурӯъ мешавад. Рӯзи ид пас аз адои намози ид мардум ба дидори хешу ақрабо ва барои дуову фотеҳа сари мазори гузаштагони худ мераванд. Баҳри пешвози меҳмонон дар хонаводаҳо дастурхони идона ороста мешавад.
Ба ин тартиб, дар авали ҳафтаи оянда тоҷикистониён бо назардошти рӯзи якшанбе чаҳор рӯз пайиҳам истироҳат хоҳанд кард.
Барои пайиҳам омадани рӯзҳои истироҳат мувофиқи қарор ““Дар бораи гузарондани рӯзҳои ид ба рӯзҳои дигари кории соли 2023”, рӯзи шанбеи 24 июн рӯзи корӣ буда, истироҳат ба рӯзи душанбеи 26 июн гузаронида мешавад.
Мутаносибан, якшанбеи 25 июн ва душанбеи 26 июн рӯзҳои истироҳат буда, 27 июн дар кишвар ҳамчун Рӯзи ваҳдати миллӣ (инчунин рӯзи истироҳат) ва 28 июн Иди Қурбон, ки рӯзи истироҳат низ маҳсуб мешавад, таҷлил мешавад.





Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 марти соли 2026
Кадом беморон беҳтар аст, рӯза надоранд ва ҳангоми рӯзадорӣ кадом маризиҳо метавонанд хурӯҷ кунанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста