Хасбулло Муҳаммадов (Хасбулла Магомедов), блогери доғистонӣ бо лақаби "Хасбик" аз омаданаш ба Душанбе дар саҳифааш дар Instagram хабар додааст.  Аммо ӯ ҳадафи ин сафарро мушаххас накардааст.

“Ассалому алайкум ба ҳама", - як навиштаи кӯтоҳ гузоштааст Хасбулло дар саҳифаи худ.

Блогнавис аллакай дар саҳифаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ чанд навор ва акси атрофи Душанберо нашр кардааст.

Дар шарҳҳо корбарони Тоҷикистон, аллакай, блогнависи дӯстдоштаи худро истиқбол мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2021 Хасбулло мебоист дар доираи UFC бо овозхони ҷавони тоҷик Абдурозиқ мубориза мебурд.  Ҳатто санаи мушаххас - 20-уми август муқаррар шуда буд.

Аммо ин бо баъзе сабабҳо рух надод.

Моҳи декабри соли 2021 Ҳабиб Нурмуҳаммадов бар зидди ин мубориза изҳори назар карда, сабаби вориди мубориза нашудани онҳоро шарҳ дод:

"Як тоҷире, ки номашро намедонам, ба онҳо ё ним миллион ё як миллион дод, то мубориза накунанд.  Ӯ ваъдаи онҳоро гирифт, ки ин мубориза рух нахоҳад дод”, - гуфт ӯ.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.