Тибқи маълумоти гуногун, ҳамасола қариб як миллион шаҳрванди Тоҷикистон ба суроғи кор ва дарёфти пул ба Русия сафар мекунанд. Даромад ва ба ин васила пешбурди рӯзгор - як паҳлуи мусбату муфиди ин раванд аст.
Вале дар баробари ин, ҷараёни мазкур паҳлӯи манфӣ низ дорад, ки муҳим аст. Вақте ки падар муҳоҷирати кориро ихтиёр мекунад, кӯдакон аз тарбияву ғамхории падар маҳрум ва бисёр корҳои вазнини рӯзгор ба дӯши занон меафтад.
Оилаҳои муҳоҷирони корӣ боз чӣ мушкилот доранд? Оилаҳояшон дар сурати ҳузур надоштани марди хонавода ба чӣ мушкилиҳо дучор мешаванд. Қиссае дар ин бора аз деҳаи дурдасти Чордараи ноҳияи Ҳамадонӣ.