Ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи нақби “Хатлон”, ки лар роҳи Душанбе - Кӯлоб - Хоруғ воқеъ аст, то 17 августи соли ҷорӣ боздошта мешавад, хабар медиҳад Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.
Сабабаш “баргузории корҳои таъмиру барқарорсозӣ ва беҳтар намудани вазъи бехатарии ҳаракати нақлиёт дар километри 36-уми роҳи мошингарди Душанбе- Кӯлоб маънидод мешавад.
Ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки дар муддати ду ҳафтаи наздик аз роҳи пешина - тарқи ағбаи Чормағзак истифода кунанд.
Нақби автомобилгарди “Хатлон” моҳи октябри соли 2013 ба истифода дода шуд. Масофаи он 4430 метрро ташкил медиҳад.
Иншооти мазкур, ки арзишаш ҳудуди 70 млн долларро ташкил медиҳад, аз ҷониби ширкати China Road-и Чин дар зарфи се сол сохта шуд.
Дар километри 68-уми роҳи Душанбе - Кӯлоб ҳамчунин нақби “Озодӣ (собиқ Шар-Шар) бо масофаи 2224 метр воқеъ аст, ки бо харҷи 38 млн доллар сохта шуда, моҳи августи соли 2009 ба истифода дода шуд. Амалисозии лоиҳаи сохтмони онро Корпоратсияи сохтмони роҳи оҳани Чин (CREC) анҷом дод.
Айни замон дар роҳҳои мошингарди Тоҷикистон 5 нақб сохта шудааст, ки масофаи умумии он зиёда аз 18 км-ро ташкил медиҳад. Ҳамаи онҳо дар ду даҳсолаи ахир ба маблағи умумии беш аз 250 млн доллар сохта шудаанд.
Ба ҷуз ду нақби дар боло зикршуда, боз се нақб дар роҳи мошингарди пайвасткунандаи Душанбе бо қисмати шимолии кишвар (вилояти Суғд) - “Истиқлол”, “Шаҳристон” ва “Дӯстӣ” амал мекунанд.