Олимони амрикоӣ собит карданд, ки таваҷҷуҳ ба хабарҳои ногаҳонӣ ва ғайриинтизора, ҳарчанд тақаллубӣ бошанд ҳам, бештар аст.
Нишонаҳои асосии хабарҳои “фейкӣ” (бардурӯғро) - ро донед ва ин гуна хабарҳоро зуд шиноседу ба доми фиребгарон наафтед:
1. Сарлавҳаи диққатҷалбкунанда
Қисми зиёди хабарҳои “фейкӣ” ё бардуруг бо сарлавҳаҳои диққатҷалбкунанда, мутантан ва ваҳмангез паҳн карда мешаванд. Мисол: “Шумо бовар намекунед”, “Муҷизаи аср”, Овозхони машхур ба садама дучор шуд” ва монанди инҳо.
Боз як намуди паҳн кардани хабарҳо ин дар сарлавҳа гузоштани аломати хитоб “!” мебошад. Паҳнкунандагони “фейк” бо ин роҳ хонандаро фиреб медиҳанд, ки ин хабари таъҷилӣ ё барои омма зарурӣ аст.
Лид ё зерсарлавҳаи хабару паёмҳои “фейкӣ” низ бисёр диққатчалбкунанда ҳастанд. Масалан дар лид ба хонанда ваъда дода мешавад, ки сирри миллионер шудан ё роҳҳои маъруф шуданро дар матн ё сомона мефаҳмонанд, аммо мазмуни матн дигар аст. Ё шуморо ба сомонаҳои “фейкӣ”- и ба бадхоҳон манфиатовар равон мекунанд.
Аксар вақт пас аз хондани сарлавҳа ё лиди чунин хабарҳо хонанда хабарро дар саҳифаи худ ва гурӯҳҳо бознашр мекунад, ки сабаби паҳн шудани хабарҳои “фейкӣ” мегардад. То вақте бовар ҳосил накунед, ки хабар ҳақиқат дорад, аз бознашраш худдорӣ кунед.
Хабарҳои “фейкӣ” аксар вақт тариқи сомонаҳои шубҳанок паҳн карда мешаванд. Дар ин гуна сомонаҳо таблиғот зиёд буда, тарроҳӣ (дизайн)-и он хеле диққатҷалбкунанда ё ғайриоддӣ ва ҳатто домен ва URL-и шубҳанок дида мешаванд.
Баъзан сомонаҳои қалбакӣ тарроҳии сомонаи худро ба ВАО-и муваффақ монанд ё пурра якхела мекунанд, то дар “ниқоб”-и онҳо ҳамчун сарчашмаи боваринок хабарҳои бардурӯғи худро паҳн намоянд. Дар ин ҳол низ онҳоро метавон ба осонӣ аз рӯйи пайванд (ссылка, URL) - и нодуруст ва намуди ғайриоддии саҳифа шинохт.
Роҳи дигари паҳн кардани “фейкҳо” истифода аз номи шахсони машҳур дар сомонаҳои иҷтимоӣ аст. Яъне бадхоҳон ба номи одамони машҳур дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифа кушода, аз маълумоти “фейкӣ” паҳн мекунанд. Фаромӯш насозед, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаи шахсони маъруф бо аломати “кабуд” ишора карда шудааст.
Аксар вақт барои хабарҳои “фейкӣ” (бардурӯғ) аксҳоро аз чорабиниҳои дигар ё мавзеъҳои дигару замонҳои дигар истифода мебаранд. Ҳатто баъзан вақт дар барномаҳои махсус суратҳоро тағйир дода ё сохта ба мавзӯи бофтаю бардурӯғ “мувофиқ” мегардонанд. Инчунин дар ин гуна хабарҳо аз суратҳои одамони машҳур истифода мешавад.
Суратҳои сохтаро, агар бодиққат нигоҳ кунед, зуд фарқ кардан мумкин аст. Ҳамчунин то куҷо ҳақиқат доштани аксҳоро тавассути сомонаи ҷустуҷӯйии Google ё барномаи онлайнии TinEye тафтиш кардан мумкин аст, ки мо дар оянда маълумоти муфассалтар пешниҳод мекунем.
Бисёр вақт хабарҳои “фейкӣ”-ро аз пурхатоӣ ва бетартибии матни он фарқ кардан мумкин аст. Ин гуна матнҳо ба ҳошия (абзац) нодуруст тақсим карда шуда, ҷумлаҳо аз сатр ба сатр нодуруст гузаронида мешаванд. Дар матни хабарҳои фейкӣ афтидани ҳарфҳою аломатҳои китобатӣ, истифодаи шрифтҳои гуногун низ ба назар мерасанд.
Матни бесифату пурхато нишонаи ғайрикасбият аст. Матбуот ва хабаргузориҳои бонуфӯз, эҳтиромкунандаи худ ва хонандагони худ ҳеҷ гоҳ ба чопи ин гуна матнҳо роҳ намедиҳанд. Пас ба матни пурхато бовар кардан нашояд!
Дар ниҳоят бояд ба матнҳои тарғибӣ ва дархостӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ таваҷҷӯҳ кард. Онҳоро зуд шинохтан мумкин аст: дархостҳо барои кӯмак дар ёфтани шахсони гумшуда, ҷамъоварии маблағ барои табобати кӯдакони бемор, хабарҳо аз бемории шахсони машҳур...
Ҳамчунин бадхоҳон бо ирсоли маълумоти бардурӯғ муштариёни бонк ё дигар ташкилоту корхонаҳоро фиреб медиҳанд.
Аксар вақт бо гузоштани ин гуна хабарҳо шахсони ҷинояткор ба ҳиссиёти раҳму шафқати инсон “фишор” оварда ба ин восита пули муфт ба даст меоранд.
Агар шахси дилсӯз бовар карду 50 сомонӣ маблағро ба қаллобон гӯё ба табобати кӯдакони бемор равон кард, бохти бузурге нест. Аммо бадхоҳон бо ин роҳу восита метавонанд рамзи корти бонкии ин ашхосро дӯздида суратҳисоби ӯро дар бонкҳо ғорат кунанд.
Эълони бонкҳо, операторони мобилӣ (бадхоҳон бисёр вақт аз номи онҳо истифода мекунанд) дар сомонаҳои расмиашон ё аз рақами расмӣ ирсол карда мешаванд. Метавонед барои боварӣ ҳосил кардан ба call-center ё телефони боварии ширкат занг зада мушаххас кунед.
Хоҳишмандем ба хабару маълумоти носанҷида ва шубҳанок бовар накунед. Агар ба дурустии хабар шубҳа доред, ҳатман ҷӯёи сарчашмаи расмӣ ё аслии иттилоъ шавед. Ё хабару маълумотро барои санҷиш ба мо фиристед!
Барнома дар доираи лоиҳаи «Пойдорӣ ва ҳамкорӣ бо иттилооти гуногуншакл барои муҳити рушдкунанда» (REVIVE) бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо омода шудааст.
“Агар танҳо дар рӯйи қоғаз намонад...” Қабули барномаи рушди театр то кадом андоза мушкили соҳаро ҳал мекунад?
Дар Тоҷикистон беш аз 3,6 ҳазор кас бе доштани шаҳрвандӣ зиндагӣ доранд
Беҳтарин мактаби олии Тоҷикистон дар зинаи 561-ум дар Осиё қарор дорад
Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд
Наҷоти мусофирони автобусе, ки аз Русия ба Тоҷикистон меомад
“Ин саҳна не, ин зиндагист”. Таҷлили Рӯзи театри тоҷик ва 95-солагии Театри Лоҳутӣ дар Душанбе
Роҳу чанд хона хароб шуд. Пайомади боронҳои ду рӯзи гузашта маълум гардид
Ҳушдори пулиси пойтахт: Дар Душанбе чорво нигоҳ надоред!
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ошиқи хатокор”
Дар Душанбе мағозаи брендии HONOR кушода шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста