Ҳукумати Тоҷикистон табдили номи ҳудуди 3,5 ҳазор иншооти ҷуғрофиро дар қаламрави кишвар тасдиқ кард. Миёни онҳо номи пиряхи калонтарини Федченко дар Помир ба номи Ванҷях иваз шуд.
Номи Федченко аз харитаи Тоҷикистон хориҷ шуд
Мувофиқи замима ба қарор, 165 пиряхи Тоҷикистон акнун номи дигар гирифтанд. Аз ин пиряхҳо 83-тоаш дар қаламрави ноҳияи Мурғоб, 27-тоаш - дар Лахш ва 20-тоаш дар ноҳияи Ванҷ воқеъанд.
Ба пиряхи Федченко, ки номи олими рус Алексей Федченкоро дошт, номи Ванҷях дода шуд.
Пиряхи ОГПУ (Раёсати давлатии муттаҳидаи сиёсии Иттиҳоди Шӯравӣ) ба пиряхи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдили ном кард.
Пиряхи арбоби ҳизбии шӯравӣ Серго Орҷоникидзе - Спитамен, пиряхи маршал Александр Василевский - Мирзо Турсунзода, пиряхи Донишгоҳи давлатии Маскав - Донишгоҳи давлатии омӯгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ номгузорӣ шуд.
Қисме аз пиряхҳо номи олимони тоҷик - Абурайҳони Берунӣ (пиряхи Геофизический), Рауф Барот (пиряхи Красин), Нодир Одил (пиряхи Долженко)-ро гирифтанд.
Пиряхи Калинин номашро ба номи шоҳи маъруфи эронӣ ва қаҳрамони “Шоҳнома” Кайковус иваз кард.
Дар пиряхҳо номи фарзандони шоистаи миллат Нусратулло Махсум (пиряхи Дзержинский), Сайидои Насафӣ (пиряхи Володарский), Қандил Ҷӯраев (пиряхи Наливкин), Азалшо Олимов (пиряхи Грум-Гржимайло), Мирсаид Миршакар (пиряхи Витковский), инчунин шарқшиноси маъруфи рус Василий Бартолд (пиряхи Коммунистическая Академия) абадӣ гардонида шуд.
Ҳамчунин номи пирях ба ифтихори собиқ директори Китобхонаи давлатии ба номи Владимир Ленин - Елена Розмирович, ки соли 1932 дар экспедитсияи Помир иштирок карда буда, пиряхи Розия Озод номгузорӣ шуд.
Ҳамаи пиряхҳое, ки бо забони бегона номгузорӣ шуда буданд, бо номҳои тоҷикӣ иваз карда шуданд.
Зоркӯл Зарринкӯл шуд
Бо қарори ҳукумат номҳои нави зиёда аз 900 дарёи Тоҷикистон, ки қаблан бо забони қирғизӣ ё ӯзбекӣ садо медоданд, тасдиқ карда шуданд. Ҳамчунин номҳои тоҷикии таҳрифшудаи ҳамаи захираҳои обии Тоҷикистон тағйир дода шуданд.
Ба ин тариқ, Муксу ба Муғоб, Сауксой - Сардобрӯд, Аличур - Аличор, Қизилсӯ - Сурхоб ва Ширкент - Ширқанд ном гирифтанд.
Ғайр аз ин, номҳои 52 кӯл иваз карда шуд: Зоркӯл дар Помир - Зарринкӯл, Оқкӯл дар Шуғнон - Сафедкӯл ва Ойкӯл дар ноҳияи Шаҳристон - Моҳкӯл номида шуд.
Зиёда аз 80 кӯҳ, 129 қаторкӯҳ, 145 кӯҳҳои ҷудогона ва 237 ағбаҳои кӯҳӣ номашонро ба шакли миллӣ иваз карданд.
Дар Помир қаторкӯҳи Заалайский ба Каюмарс, Танимас - Таҳмурас, Музкол - Марғоб табдили ном карданд. Дар ҷануби ҷумҳурӣ қаторкӯҳи Тереклитав ба ифтихори шоир ва мутафаккир Ҷалолиддини Балхӣ номгузорӣ шуд. Қаторкӯҳи Боботоғ - Бобокӯҳ ном гирифт.
Дар ноҳияи Мурғоб минбаъд кӯҳҳои Қаратош ва Саритош мутаноисбан Сиёҳсанг ва Зардсанг номида мешаванд.
Номҳои зиёда аз 1 ҳазор қаторкӯҳ, кӯҳ, ағба, пирях, кӯл, дарё, маҷрои дарёи хушк, чашма, обканда, водӣ, дара ва мавзеъҳо иваз карда шуданд.
Номивазкунӣ идома меёбад
Аз ҳама бештар иншооти ноҳияи Мурғоби ВМКБ табдили ном карданд. Дар қаламрави ин ноҳия 1005 иншооти ҷуғрофӣ номи забони тоҷикӣ гирифтанд.
Дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Панҷакенти вилояти Суғд ба 200 иншоот ва дар ноҳияҳои Ашт ва Лахш - ба беш аз 100 иншоот чунин номҳои нав гузошта шуд.
Раиси Кумитаи рушди маҳали ҷумҳурӣ Шарифҷон Ҷумъазода қаблан зимни нишасти матбуотӣ зарурати табдили номи як қатор маҳаллаҳои аҳолинишин ва иншооти ҷуғрофиро чунин шарҳ дода буд: “Бисёре аз номҳои ҷуғрофӣ ба талаботи муосир ҷавобгӯ нестанд”.
Ба гуфтаи ӯ, гурӯҳи махсуси корӣ аз моҳи ноябри соли 2021 беш аз 12,5 ҳазор номҳои ҷуғрофӣ (топонимҳо)-ро мавриди омӯзиш қарор дода, ба хулосае расид, ки номи 4 ҳазору 31 иншооти ҷуғрофӣ ва 802 маҳаллаи аҳолинишин ба воқеияти имрӯза мувофиқ нестанд.
“Дар ояндаи наздик дар вилояти Суғд 170 ва дар вилояти Хатлон - номи 342 маҳаллаи аҳолинишин иваз карда мешаванд. Дар шаҳру навоҳии тобеи марказ 238 ва ВМКБ - 52 мавзеъ табдили ном мекунанд”, - гуфта буд Ҷумъазода.
Ӯ зикр карда буд, ки табдили номи иншооти ҷуғрофӣ ва маҳаллаҳои аҳолинишин раванди доимӣ буда, минбаъд низ идома меёбад.