Дирӯз, 23-юми август, директори навтаъини Литсейи Оқохон аз ҷониби муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва раиси шаҳри Хоруғ барои муаллимон муаррифӣ гардид. Дар ин бора рӯзномаи “Нигини Хоруғ” иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, Давлатов Хушбахт Шерович директори нави Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғ, ки бо номи Литсейи Оқохон маъруф аст, таъйин гардидааст.

Директори навро Абдулназар Абдулназарзода, муовини раиси ВМКБ ва Ризо Назарзода, шаҳрдори Хоруғ муаррифӣ кардаанд.

“Роҳбарияти вилоят ва шаҳри Хоруғ аз роҳбарияти нави муассиса ва ҳайати омӯзгорони он даъват карданд, ки шурӯъ аз пагоҳ ба фаъолияти муқаррарии худ идома бахшанд ва ба соли нави хониш омодагии ҷиддӣ бинанд”, - менависад рӯзномаи “Нигини Хоруғ”.

Манбаъ афзудааст, Хушбахт Давлатов, директори нави муассиса вазифадор карда шуд, ки ба фаъолияти муассиса такони ҷиддӣ бахшида, барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар он чораҳои дахлдор андешад.

Акс аз саҳифаи фейсбуки рӯзномаи “Нигини Хоруғ”

Ин нашрия менависад, ки сокинони вилоят ва шаҳри Хоруғ метавонанд ба муассиса ҳозир шуда, вобаста ба раванди таълиму тарбияи фарзандон ва омодагии онҳо ба соли нави хониш бо омӯзгорон корбарӣ намоянд.

“Ҳақи таълими хонандагон ва маоши ҳайати омӯзгорон бо тартиби қаблӣ нигоҳ дошта мешавад”, - таъкид кардааст рӯзномаи “Нигини Хоруғ”.

Дар робита ба ин аз дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар тамоси телефонӣ ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки “директори нав аз ҷониби ҳукумати шаҳри Хоруғ таъйин шудааст ва ин аслан ба салоҳияти онҳо рабт дорад”.

Гуфтан ба маврид, ки Литсейи Оқохон муассисаи таълимии зертобеи Шабакаи Оқохон буда, соли 2000 дар шаҳри Хоруғ ташкил шудааст.

Пас аз 23 соли фаъолият, ду моҳи пеш он давлатӣ карда шуд. Минбаъд ин муассисаи таълимӣ чун “Литсейи давлатӣ барои кӯдакони болаёқат” ва зери назари Вазорати маориф ва илм ва ҳукумати шаҳри Хоруғ фаъолият мекунад.

Қаблан сабабҳои давлатӣ шудани ин литсейро мақомот ба таври  гуногун шарҳ дода буданд.


Тақдиршо Тақдиров, сардори раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар минтақаи Ҳисор, ки роҳбарии комиссияи санҷиши Литсейи Оқохонро ба зимма дошт, рӯзи 8-уми июл зимни нишасти матбуотӣ гуфт, дар пайи санҷиши литсейи Оқохон маълум намудаанд, ки бо вуҷуди дар давраи истиқлолият хусусӣ шудани ин литсей, дар зери қарори иҷорадиҳии он муҳри замони шӯравӣ гузошта шудааст.

“Ин иҷора аст ва ё мубодила? Бар замми ин, зери қарори раиси шаҳри Хоруғ муҳри давраи шӯравӣ зада шудааст”, - гуфта буд Тақдиршо Тақдиров.

Аз ин пештар Зиёдулло Абдулзода, муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки “сабаби асосии давлатӣ кардани литсейи Оқохон берун аз нақшаҳои таълимӣ амал кардани мудирияти мактаб ва муаллимони он мебошад”.

Ӯ ҳам таъкид карда буд, ки низоми таълим дар кишварро Стандарти давлатии таҳсилот муайян ва муқаррар мекунад, вале “он аз ҷониби муаллимони литсейи Оқохон сарфи назар шудааст”.

Ёдовар мешавем, ки литсей ягона муассисаи зертобеи шабакаи Оқохон нест, ки давлатӣ карда мешавад. Қаблан Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон хабар дода буд, ки Додситонии ВМКБ аз онҳо тақозо кардааст, то сертификати ҳуқуқи истифодаи замини Донишгоҳи Осиёи Миёна беэътибор дониста шуда, замин ба ҳукумати шаҳри Хоруғ баргардонда шавад.

Ин созмони зери назари Оқохон то кунун дар бораи амалкарди мақомот ва давлатӣ шудани амволҳои зерсохторҳояш расман чизе нагуфтааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.