Хабаргузории Reuters менависад, бар асоси таҳлили ҳисоботҳои гумрукӣ, сарфи назар аз таҳримҳо ва маҳдудиятҳои савдо аз ҷониби ИМА ва Аврупо, аз моҳи майи соли гузашта ба маблағи на камтар аз 1,2 млрд доллар ба ширкатҳои Русия қисмҳои эҳтиётӣ фиристода шудааст.

Ин таҳлилҳо нишон додаанд, ки таҷҳизот ба Русия тариқи миёнаравҳо дар кишварҳое чун Тоҷикистон, Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА), Туркия, Чин ва Қирғизистон ирсол шудааст, ки ҳеҷ кадоме аз кин кишварҳо таҳримҳои Ғарбро нисбати Русия дастгирӣ накардаанд.

Ба сифати далел Reuters интиқоли дастгоҳи Northrop Grumman-ро ба “Уралские авиалинии” мисол меорад, ки соли 2022 аз ҷониби ду ширкати Тоҷикистон сурат гирифтаанд. 

“Моҳи июли соли 2022 яке аз онҳо ба “Уралские авиалинии” тариқи АМА аз ҷониби як ширкати тоҷикистонӣ фиристода шудааст. Бино ба ин маълумот, моҳи сентябри соли 2022 ширкати дигари сохтмони Тоҷикистон яке аз таҷҳизотро тариқи АМА ба Русия ирсол кардааст”, - менависад Reuters.

Муаллифон зикр мекунанд, ки роҳбарони ширкатҳо ба зангҳои телефонӣ бо дархости шарҳи масъала посух надодаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.