Шералӣ Ҷӯраев, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистону Ӯзбекистон ва яке аз овозхонҳои шинохта дирӯз, 4-уми сентябр, дар шаҳри Тошканд аз олам чашм пӯшид. Дар ин бора Вазорати фарҳанги Ӯзбекистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, ӯ бемор ва дар бемористон бистарӣ буд.

“Фарҳанг ва ҳунари Ӯзбекистон ба талафоти сангин дучор шуд. Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон Шералӣ Ҷӯраев, ки ба дили миллионҳо нафар роҳ ёфт, пас аз бемории тӯлонӣ дар синни 77-солагӣ даргузашт”, - омадааст дар хабар.

Марҳум дар ҳавзаи ҳунарии кишварҳои пасошӯравӣ, ба вижа Тоҷикистон маҳбубияти баланд дошт. Ӯ бо забони тоҷикӣ низ суруд месароид.

Шералӣ Ҷӯраев ҳамроҳи Ҷӯрабек Муродов, Ҳунарпешаи мардумии СССР, дӯстиву рафоқати амиқ дошт ва борҳо онҳо сурудҳои дуэт сароидаанд.

Аз ҷумла, моҳи марти соли 2018 дар “Шоми дӯстӣ”-и Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Душанбе Шералӣ Ҷӯраев ва Ҷӯрабек Муродов ширкат варзида, бо ҳам суруд хонда буданд.

Баъдан Ҷӯрабек Муродов дар мусоҳибае бо “Азия-Плюс” гуфт, ки “Шералӣ Ҷӯраевро маҳз бо дархосту пофишории ман ба ин консерт даъват карданд”.

Шералӣ Ҷӯраев аз соли 1993 то 2016 дар консертҳои бузурги Ӯзбекистон ҳунарнамоӣ накардааст ва таронаҳояш дар радио ва телевизиони ин кишвар шунида намешуданд.

Баъди марги Ислом Каримов ва ба курсии президентӣ нишастани Шавкат Мирзиёев дар соли 2016, Шералӣ Ҷӯраев ба саҳнаи бузург баргашт.

Пас аз ин, моҳи августи соли 2018 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои хидматҳояш дар санъати тоҷик ба Шералӣ Ҷӯраев унвони Ҳунарманди халқии Тоҷикистонро дод.

Сурат аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

Соли 2022 раисиҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба муносибати 75-солагии Шералӣ Ҷӯраев ба овозхон ордени “Эл-юрт ҳурмати” тақдим кард.

Ӯ барандаи ҷоизаи давлатии Ӯзбекистон ба номи Алишер Навоӣ низ ҳаст.

Шералӣ Ҷӯраев соли 1947 дар шаҳри Асакаи вилояти Андиҷон таваллуд шуда буд. Соли 1971 Донишкадаи театрию рассомии Тошкандро хатм кард ва фаъолияти меҳнатиашро соли 1972 дар ансамбли “Шодлик” оғоз бахшид.

Овозхони Филармонияи вилояти Андиҷон, Филармонияи давлатии Ӯзбекистон, иттиҳодияи “Ӯзбекнаво” ва муассисаи давлатии “Узбекконсерт” ҳам буд.

Ҷӯраев дар тӯли солҳои фаъолияти эҷодии худ беш аз ҳазор суруд сароида, беш аз 600 асар эҷод кардааст. Ӯ ҳамчунин муаллифи консерти театрии “Таърих месарояд”, сенарист ва иҷрокунандаи нақши асосӣ дар филми бадеии “Шералӣ ва Ойбарчин” мебошад.

Шералӣ Ҷӯраев падари панҷ фарзанд: ду писару се духтар буд. Писарон Шоҳҷахон Ҷӯраев, Зоиршоҳ Ҷӯраев ба падарашон пайравӣ намуда, сароянда шудаанд.

Аҳли эҷоди Агентии иттилоотии “Азия-Плюс” аз даргузашти Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон Шералӣ Ҷӯраев андӯҳгин буда, ба пайвандони марҳум сабри ҷамил мехоҳанд.