Ҳамасола бо оғози соли нави хониш баҳси ҷамъоварии маблағ дар мактабҳо доғ мешавад. Имсол низ ин истисно набуд ва даҳҳо нафар дар шабакаҳои иҷтимоӣ нигаронӣ карданд, ки масъулини мактабҳо барои таъмири синфхона, гирифтани шаҳодатномаи хатм ва лавозимоти синф аз онҳо маблағ талаб мекунанд.
Як назарсанҷии кӯтоҳи “Азия-Плюс” ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ нишон дод, ки аксар барои шаҳодатнома аз маблағи муайяншудаи давлатӣ, ки 8 сомонӣ аст, бештар – то 50 сомонӣ ва барои таъмири синфхонаҳо то 250 сомонӣ додаанд.
Дар робита ба ин, “Азия-Плюс” дар яке аз нашрҳои ток-шоуи “Рости гап” ин масъаларо ба баҳс кашид, ки дар он намояндагони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, Оҷонсии назорат дар соҳаи маориф ва илм, инчунин, коршиносону журналистон ширкат карданд.
Масъулини Оҷонсии зиддифасоди кишвар, ки чанд сол боз соҳаи маорифро яке аз фазодзадатарин соҳаҳо дар кишвар унвон мекунанд, ба барнома наомаданд, ҳарчанд номаи расмӣ ирсол шудҳа буд.
“Гирифтани пул аз кӯдак даҳшат аст”
Амир Ҷалолиддин, намояндаи Вазорати маориф ва илм гуфт, ҳарчанд ҷамъоварии маблағро қонунгузории Тоҷикистон манъ кардааст, вале қарори дигари ҳукумат дар бораи маблағгузории сарикасии хонандагон ба кумитаҳои падару модарон ва муассисаи таълимӣ ҳақ додаааст, ки барои таъмири мактаб, харидории китобҳои бадеӣ, ба роҳ мондани дарсҳои иловагӣ маблағ ҷамъ оваранд, аммо на тариқи нақдӣ, балки ба воситаи гузаронидан ба суратҳисоби муассиса.
“Агар падару модарон мехоҳанд, ки ба муассисаи таълимӣ кӯмак кунанд, инро қонунгузорӣ манъ накардааст, вале бояд ба суратҳисоби мактаб гузаронанд. Аммо набояд кудакон аз ин хабар ёбанд, чунки ба равони онҳо таъсир мерасонад. Ҳамаи мактабҳо суратҳисоб доранд”, - гуфт Амир Ҷалолиддин.
Ӯ мушкили мавҷударо тасдиқ кард ва гуфт, талаби маблағ аз кӯдак аз сӯи омӯзгор натанҳо дар доираи қонунгузорӣ, ҳамчунин аз нигоҳи ахлоқӣ падидаи номатлуб аст.
“Ин амали даҳшатнок аст, ки омӯзгор ба синф ворид мешавад ва аз хонандагон маблағ талаб мекунад”, - гуфт ин масъули вазорати маориф.
Ин дар ҳолест, ки Идибеки Саид, рӯзноманигори ҳафтаномаи “Тоҷикистон” нигаронӣ кард, ки маҷлиси кумитаи падару модарон дар бархе муассисаҳои таълимӣ дар як сол як маротиба баргузор мешавад ва маҳз ин чиз сабаб мешавад, ки омӯзгорон кӯдаконро барои ҷамъоварии маблағ миёнарав кунанд.
“Подстава”-и омӯзгор ва ноогоҳии масъулин аз пулҷамъкунӣ дар мактабҳо
Пеш аз оғози барнома яке аз омӯзгорони мактаби пойтахт ба “Азия-Плюс” шикоят кард, ки ӯро директори мактаб ва муовинони он маҷбур карданд, ки барои шаҳодатномаи хатм аз ҳар як хонанда 250 сомонӣ ҷамъ оварад. Вале вақте санҷиш ин амали ӯро ошкор кард, директор ва муовинон гуфтанд, онҳо чунин супоришро надодаанд ва дар натиҷа, омӯзгорро ҷарима карданд.
Шодмон Кенҷаев, рӯзноманигори тоҷик аз талаби маблағ барои чиптаи театру кино ва консертҳо нигаронӣ кард, ки омӯзгоронро маҷбур мекунанд, ҷамъ оваранд.
Иштирокчии дигар, мисол овард, ки аз як модари танҳо дар яке аз мактабҳои ноҳияи Фирдавсӣ қариб 150 сомонӣ маблағ ситонидаанд.
Вале намояндагони Вазорати маориф ва илм, Оҷонсии назорат дар соҳаи маориф гуфтанд, ба онҳо муроҷиати хаттӣ дар робита ба ҷамъоварии маблағ аз сӯи аҳолӣ бо факту далел ворид намешавад, аз ин рӯ онҳо наметавонанд, пеши роҳи онро гиранд.
Аз ҷумла, Икромиддин Табаров, муовини сардори Раёсати назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва иловаги Оҷонсии назорат дар соҳаи маориф гуфт, то ба ҳол дар робита ба ҷамъоварии маблағ дар мактабҳо ба Оҷонсӣ шикояти расмӣ ворид нашудааст.
Вай афзуд, ин ниҳод иҷрои барномаву қонунҳо, сандаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маорифро назорат мекунанд ва санҷиши фаъолияти молиявии муассисаҳо, махсусан ҷамъоварии маблағ дар мактабҳо вазифа ё уҳдадории онҳо нест.
Амир Ҷалолиддин гуфт, дар робита ба ҷамъоварии маблағ ба вазорат шикоятҳо ворид мешаванд, вале умумӣ ва будини ишораи мактаб ва ному насаби омӯзгор ё директори он.
“Ин аз он далолат медиҳад, ки ё ин чиз вуҷуд надорад ё вуҷуд дораду мардум аз он дурӣ меҷӯянд. Агар омада, бо факту далели аниқ муроҷиат кунанд, омодаем онро ҳал кунем. Вазорати маориф ва илм дар садади он аст, ки ин мушкилиҳо аз байн равад”, - афзуд вай.
Икромиддин Табаров, намояндаи Оҷонсии назорат дар соҳаи маориф расман муроҷиат накардани аҳолиро аз паст будани сатҳи дониши ҳуқуқии падару модарон унвон кард, ки аз ройгон будани таълим дар кишвар бехабаранд.
“Мушкилот фарогир шудааст...”
Зоҳири Сайфуллоҳ, сармуҳарири рӯзномаи “Самак” сабаби бо далел муроҷиат накардани аҳолиро фарогир будани ҳолат унвон кард.
“Фарзандону наздикони шумо ҳам ба мактаб барои таъмиру хариди лавозимоти синфӣ маблағ бурдаанд, вале намегӯед. Боз аз дигарон мехоҳед, дақиқ гӯянд. Дақиқ гап задан ба сари худ бало харидан аст. Мақомоти дахлдор назоратро пурзӯр кунанд, пулситонӣ нест мешавад”, - гуфт ин рӯзноманигори тоҷик.
Исматулло Абдуллоев, рӯзноманигори дигари тоҷик сабаби муроҷиат накардани аҳолиро ба ниҳодҳои масъул, махсусан вазорати маориф қолаӣҳои шахшуда унвон кард.
“Ба таври мисол, агар дар як синф 25 хонанда таҳсил кунад, 23 нафар имкони пардохти маблағи таъмирро доранд, вале ҳамон 2 нафаре, ки имкон надоранд ва агар хоҳанд, ки шикоят кунанд, 23 нафари боқимонда ӯро таъна мекунанд ва ӯ маҷбур мешавад қарз карда маблағро пардохт кунад”, - мисол овард ин рӯзноманигори тоҷик.
Амир Ҷалолиддин гуфт, барои кирдори як омӯзгор набояд ба кори соҳаи маориф баҳор дода шавад. Ӯ аз он шикоят, ки волидон барои фарзандони худ бо чанд ҳазор сомонӣ телефон мехаранду барои 20 сомонии барои таҳсил пардохта, шикоят мекунанд.
Ҳозирин бо ин андешаи масъули Вазорати маориф ва илм розӣ нашуда, зикр карданд, ки 20 сомонӣ ҳам пора аст.
“Аз омӯзгор ҳам пул мегиранд”
Ҷамъоварии маблағ аз худи омӯзгорон ҳам баҳси дигари ток-шоу буд. Гуфта шуд, ки қариб ҳар моҳ ба мактабҳо аз идораҳои назоративу тафтишотӣ ё ба истилоҳ комиссия “меҳмон” меояд ва харҷи қабулу гусел ва меҳмондории он ба души омӯзгор аст.
Мисоли дигар оварда шуд, ки вақте аз идораи оташхомушкунӣ меоянд ва камбудии мактабро ошкор мекунанду ҷарима таъин мекунанд, онро аз маоши омӯзгорон пардохт мекунанд.
Дар робита ба ин, намояндаи Вазорати маориф гуфт, ин ҳама ғайриқонунӣ аст ва ҳамчунин, камбудиҳои мактаб нуқсони роҳбарияти мактаб аст ва онро ӯ бояд бартараф кунад.
“Бе омӯзгор чорабиниҳо намегузарад”
Ҷалби омӯзгорон ба корҳои ғайр, яъне шанбегӣ, таъмири мактаб, ҷалби ҷавонон ба аскарӣ ва ғайра низ баҳсро барангехт.
Икромиддин Табаров гуфт, инро қонунгузор манъ кардааст, вале баъзе чорабиниҳое ҳаст, ки онро бе ширкати омӯзгор гузаронида намешавад.
Амир Ҷалолиддин ҳам гуфт, “ҷалби омӯзгор ба корҳои ҷамъиятӣ ҳамчун зиёӣ, шахси бомаърифат, соҳибхираду донишманд берун аз соати кориаш мушкиле надорад ва ӯ метавонад, ки ҷомеаро аз қафои худ барад”.
“Ҷалби омӯзгор ба корҳои сиёсӣ, тарғиби ташвиқи китоб, илму дониш, сиёсати давлат, тарғиби ташвиқи ақлу одобу рафтору гуфтори нек як амали хайр аст. Агар он дар доираи муайян сурат гирад ва ба омӯзгор фишор оварда нашавад”,-гуфт ин намояндаи вазорати маориф.
Чӣ бояд кард?
Амир Ҷамолиддин гуфт, ҷамъоварии маблағро дар мактабҳо маҳкум мекунанд ва дар ин самт “назорати ҷиддӣ сурат мегирад, дар мушовараҳои сайёр дар минтақаҳои дурдаст, масъалаи аввалини ин қатъи ҷамъоварии маблағҳои ғайриқонунӣ аст”.
Иштирокчиён даъво пеш оварданд, ки бо маҳкум кардани ҳолат намешавад вазъро бартараф кард. Назоратро пурзӯр бояд кард ва гунаҳкоронро ҷазо дод.
Амир Ҷалолиддин гуфт,барои аз байн бурдани норозигиҳо баҳри ҷамъоварии маблағ дар мактабҳо бояд ҳамаи маблағ тавассути суратҳисоби мактабҳо пардохт шавад.
Субҳон Ҷалилов, ровии барнома пешниҳод кард, ки барои аз байн бурдани ин мушкилӣ бояд роҳбарияти мактбаҳо пеши падару модарон дар робита ба ҷамъоварии маблағ ҳармоҳа ҳисобот диҳанд.
Хулоса шуд, ки ҳама гуна маблағе, ки аз ҷониби омӯзгорон ва ё роҳбарияти мактабҳо ба таври нақдӣ талаб карда мешавад ғайриқонунӣ аст.
Аммо воқеият ин аст, ки чунин ҳолат вуҷуд дорад, ҳарчанд мақомот онро эътироф мекунанд, аммо мегӯянд, то ба онҳо расман муроҷиат нашавад, аз паси ислоҳи вазъ намешаванд.
Шакли пурраи ток-шоуи “Рости гап” дар навори зерин пешкаш мегардад.
Чӣ гуна чангу ғубор ба пиряхҳои Тоҷикистон таъсир мерасонанд?
Ҳайати ҳукумати “Толибон” дар Ӯзбекистон. Онҳо аз Самарқанду Бухоро дидан кардаанд
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Мусодираи беш аз 21 ҳазор маводи тарфгарӣ дар Суғд
Якбора 3 размикори тоҷик соли 2025-ро бо рақобатҳои нав оғоз мекунанд. Ҳарифонашон кистанд?
Боздошти як зан дар Зафаробод бо гумони қатли фарзанди “угаяш”
"Боим" дар Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шудааст. Ӯ кист?
Дар Шуғнон як мошин ба дарё чапа шудааст. КҲФ ҷасади ронандаро меҷӯяд
Ашёи муҳим барои саноати ҳарбӣ. Тоҷикистон дар истеҳсоли сурма метавонад пешсаф шавад
Файзи Олӣ ба 2,5 соли зиндон маҳкум шудааст
Як вакили рус дар поинравии қурби рубл муҳоҷиронро айбдор кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста