Субҳи имрӯз, 24-уми октябр, журналисти шинохта ва нахустнаттоқи телевизиони тоҷик дар Душанбе аз олам даргузашт. Дар ин бора дӯстону пайвандонаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд.

Ба иттилои дастрас, ӯ тақрибан соати 04:30 дақиқаи субҳи имрӯз бар асари беморие, ки дошт, аз олам чашм пӯшидааст.

Рафоат Абдусаломова 84 сол дошт.

Маросими видоъ бо марҳум соати 12:00 дақиқаи имрӯз дар кӯчаи М. Турсунзода 8 ва ҷанозааш баъди намози зуҳр баргузор мегардад.

Даргузашти Рафоат Абдусаломоваро ҳамовардонаш талафоти бузург дар журналистика ва фарҳанги тоҷик меноманд.

Абдусаломова 10 марти соли 1939 дар Ҷамоати деҳоти Пӯлодони ноҳияи Конибодом таваллуд шуда буд. Соли 1963 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм кард.

Сурат: halva.tj

Маҳз ӯ рӯзи 3-юми октябри соли 1959 нахустин барномаи санҷишии Телевизиони Тоҷикистонро ба забони тоҷикӣ ба тамошобинон пешкаш намуда буд.

Аз соли 1959 (45 сол) дар Телевизиони Тоҷикистон ба ҳайси наттоқ, муҳаррир, мудири шӯъба, сармуҳаррир ва котиби масъули иттиҳодияҳои эҷодӣ кор кард.

Барномаи "Дугонаҳо"-и марҳум яке аз сербинандатарин барномаҳои телевизиони тоҷик буд, ки имрӯз дар “Телевизиони Тоҷикистон” аз нав эҳё гардидааст.

Рафоат Абдусаломова унвони Корманди хизматнишондодаи фарҳанги Тоҷикистонро дошт.

Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” аз даргузашти журналисти варзидаи тоҷик Рафоат Абдусаломова андӯҳгин буда, аз даргоҳи илоҳӣ ба пайвандонаш сабри ҷамил мехоҳад.