Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» ҳадаф дорад, ки дар оянда шабакаи радиои «Сафина»-ро ифтитоҳ намоянд. Ин нукта зимни ифтитоҳи бинои нави телевизони “Сафина”  бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе баён шуд.

Роҳбарияти муассиса гуфтаанд, ки бо таъсиси радиои нав барномаҳои ҷолиб ва хабару гузоришҳои дақиқу саривақтиро ба  шунавандагон пешниҳод менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз бинои нави телевизиони "Сафина" мавриди истифода қарор гирифт.

Бинои қаблии ин телевизион, ки дар ҷои кинотерти куҳна дар кучаи Бухорои шаҳри Душанбе сохта шуда буд, эҳтимол тахриб ва ба ҷои он бинои нав сохта шавад.

Телевизиони "Сафина" соли 2005 дар шаҳри Душанбе таъсис ёфта, пахши барномаҳои он аз 3 сентябри соли 2005 оғоз ёфт. Самти асосии фаъолияти ин телевизион фарҳангӣ ва фароғатӣ мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.