Геологҳои Тоҷикистон дар бораи кӯчонидани 343 оила аз қитъаҳои нисбатан хатарнок ба минтақаҳои бехавф хулоса пешниҳод кардаанд.

Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ роҳбари Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода хабар дод.

Ӯ зикр кард, ки бар асоси дархостҳо дар зиёда аз 170 қитъа дар саросари ҷумҳурӣ мониторинг ва таҳҳқиқоти муҳандисиву геологӣ гузаронида шуда, аз рӯи натиҷаи онҳо Саридораи геология дар бораи кӯчонидани аҳолӣ ба минтақаҳои бехавф ба хулосаи мусбат расид.

Чунин қитъаҳо бештар дар ноҳияҳои Нуробод - 72, шаҳри Ваҳдат - 61, Тоҷикобод - 49 ва Лахш - 38 ҷойгир буда, дар ноҳияҳои гуногун дар ҳамаи минтақаҳои кишвар аз 1 то 30-то чунин қитъаҳо мавҷуданд.

“Мувофиқи нақшаи лоиҳаи “Мониторинги давлатии равандҳои экзогении геологӣ” тавсияҳои дахлдор дода шуданд”, - гуфт Оймуҳаммадзода.

Ғайр аз ин, ба иттилои ӯ, бо супориши президент Атласи равандҳои экзогенӣ ва геологӣ тартиб дода мешавад. Ба гуфтаи ӯ, чунин атлас барои ҳар як ноҳия бо истифода аз натиҷаҳои гирифтаи муҳандисиву геологӣ, ки ба таъсири омилҳои хатарноки табиӣ осебпазиранд, таҳия карда мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.