Мухлиса Каримова, сокини шаҳри Бӯстон, пораи ҷигарашро ба шавҳараш Фарҳодҷон Каримов додааст. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар медиҳад.

“Ман бе ягон дудилагӣ барои додани пораи ҷигар ба шавҳарам розӣ шудам. Ӯ падари се фарзандам, сардори оила аст. Ӯ бояд шифо ёбад ва ба назди фарзандонаш баргардад. Мехоҳам ба табибоне, ки ҷарроҳиро бомуваффақият анҷом доданд, изҳори сипос намоям”, - гуфт Мухлиса Каримова.

Бино ба иттилоъи вазорати беҳдошт, ин ҷарроҳӣ дар Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсони ҷумҳурӣ анҷом шудааст.

Як манбаъ дар ин марказ зикр кардааст, ки ин ҷарроҳӣ аз амалиётҳои қаблӣ фарқ мекунад.

“Бори аввал як қисми ҷигари солим ба ҷигари носолим пайванд карда шуд. Дар илми тиб ин амалиётро “рапид” меноманд. Баъди пурра шифо ёфтан ва метавонем ҷигари носолими беморро гирем”, - гуфтааст яке аз табибон.

Бояд гуфт, ки қаблан сокини ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон Муҳаммадӣ Лолахонов низ як қисми ҷигарашро ба ҳамсараш дода буд.

Амалиёти мазкур низ дар Маркази миллии пайвандсозии узвҳои инсон амалӣ шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.