Профессор Абдунабӣ Сатторзода, яке аз шахсиятҳои маъруфи Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, донишмандони варзидаи тоҷик дар бахши адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ имрӯз 83-сола шуд. Ба ин муносибат “Азия-Плюс” ба рӯзгору раҳоварди мавсуф назаре афканд.

Абдунабӣ Сатторзода 27-уми феврали соли 1941 дар ноҳияи Панҷакент зода шудааст. Пас аз хатми мактаби ҳаштсолаи деҳа таҳсилро дар Омӯзишгоҳи омӯзгории Панҷакент ва факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон идома додааст.

Фаъолияти кориашро соли 1963 дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба ҳайси коршинос оғоз карда, баъд ҳамчун аспирант, устод ва мудири кафедраи адабиёти классикии тоҷик то соли 1993 давом додааст.

Дар ин фосила як муддат мудири шӯъбаи танқиди адабии маҷаллаи “Садои Шарқ” (1967-1968), командири қисми ҳарбии 3408 Вазорати корҳои дохилии Иттиҳоди Шӯравии собиқ (Тошканд, 1969-1971), докторанти Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов (1979-1980) ва устоди Пуҳантуни Кобул (Афғонистон, 1985-1987) буд.

Яке аз ширкаткунандагони музокироти сулҳ

Абдунабӣ Сатторзода аз ҷумлаи 10 нафар муассисони Ҳизби демократи Тоҷикистон буд ва дар музокироти сулҳи байни тоҷикон (1994-1997) иштирок кардааст.

Ӯ ба намояндагӣ аз ҲДТ зери санади “Пешниҳодҳо дар бораи ҳалли мусолимматомези низои низомӣ ва сиёсӣ дар Тоҷикистон” (7-уми декабри соли 1993), ки минбаъд асоси музокироти таърихӣ миёни ИНОТ ва Ҳукумати Тоҷикистон гардид, имзо гузоштааст ва дар чандин музокироти сулҳи тоҷикон ширкат кардааст.

Пас аз имзои  Созишномаи сулҳ дар соли 1997 Абдунабӣ Сатторзода ба ҳайси узви зеркомиссияи сиёсии Комиссияи оштии миллӣ низ муассир ва назаррас фаъолият кардааст.


Абдунабӣ Сатторзода 17-уми марти соли 1999 муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъйин гардид ва дар ин вазифа то 30-юми январи соли 2006 кор кард.

Ҳамин тавр, Сатторзода солҳои 2006-2012 Сардори Раёсати сиёсати хориҷӣ ва инкишофи робитаҳои иқтисодии берунаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон буд. Ӯ аз соли 2012 то 2023 дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ кор кардааст.

“Ман як чеҳра, як рӯ дорам!”

Мо аз мусоҳибаҳои дода ва мақолаҳои навиштааш панҷ гуфтовардеро гирд овардем, ки шахсияти Абдунабӣ Сатторзодаро мекушояд:

- Ман ҳам дар зиндагӣ, ҳам дар илм, ҳам дар сиёсат ва ҳам дар фарҳангу дипломатия як чеҳра, як рў дорам. Ҳеҷ вақт гуна-гуна  набудам. Шахси худро ба илмиву адабӣ, сиёсиву фарҳангӣ ва ғайри он ҷудо накардаам. Ва ин барои ман як чизи усулӣ аст, ки инсон дар ҳама ҳолат ва маврид, аз ҷумла дар илм, дар сиёсат, дар фарҳанг бояд ҳамон тавре бошад, ки дар зиндагии ҳамарӯзааш  ҳаст.

- Дар сарнавишт ва саодати миллат саҳм доштан, пеш аз ҳама, вобаста  ба шахси худи зиёӣ мебошад. Бояд зиёӣ, агар зиёии воқеъӣ бошад, на дурӯғин, балки миллӣ, андешаи миллӣ дошта бошад, ғами миллат, ғами кишвараш, ғами гузашта ва имрӯзаи онро хӯрад. Ба мушоҳидаи ман, аксари ба ном зиёиёни тоҷик, ғайр аз ғаму дарди шахсияшон, дигар ғаму дарде надоранд. Барои онҳо фарқе надорад, ки ҷомеа чӣ вазъ дорад, аҳли ҷомеа чӣ тавр рӯз мегузаронад, кишвар ба кадом самт меравад. Ман ҳар коре кардам, фақат ба хотири миллату мардум буд.

- Ба сиёсат рӯ овардани ман ба олимии ман халал нарасондааст. Солҳое, ки ба сиёсат машғул будам, пайваста китобу мақолаҳоям дар бахши  адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ дар дохил ва хориҷ ба нашр мерасиданд.

- Ман натавонистам дар солҳои навадум дар давраи барои миллату кишварам сарнавиштсоз бетараф бошам. Чӣ тавр мешавад, ки ман гӯям, ки зиёӣ ҳастам, намояндаи ин миллат ҳастам, вале равам канору танҳо ғами худу зану фарзанди худу ду-се хешу таборамро хӯраму аз дур тамошо бикунам, ки чӣ хоҳад шуд бо ин миллат ва бо ин кишвар.

Эътироф

Шеъри Абдунабӣ Сатторзода, ки чанд сол пеш аз номи Шириншоҳ Шоҳтемур бо номи "Руҷӯъ" эҷод карда, манзури ҷомеа карда буд, ногуфтаҳои ӯро барои ҷомеа рӯшан кард:

Ман гунаҳкорам,

Ман гунаҳкори гунаҳнокардаам,

Ман гунаҳкорам барои он ки тоҷик будаам,

Ман гунаҳгорам, ки ёд аз Золу Дастон кардаам,

Аз Самарқанду Бухорои шарифам - меҳанам,

Аз Ҳироту Балху Сурхонам, диёри куҳанам,

Ман гунаҳ кардам, ки ҷамъ орам диёри пораам,

Тоҷики овораи садпораи бечораам.

Ман гунаҳ кардам, ки лафзи тоҷикиам, модарам

Хориву зорӣ набинад, зинда бошад дар барам...

Ман гунаҳ кардам, ки нури маърифат афрӯхтам,

Пардаи ҷаҳлу ҷаҳолатро зи бехаш сӯхтам...

Ман гунаҳкори гунаҳнокардаам, эй ҳамватан!

Бехабар аз макри даврон бохтам ман ҷону тан.

Гар ту хоҳӣ, рӯҳи ман ором хобад,

Гар ту хоҳӣ, хотири ман шод бошад,

Ман агар кардам гунаҳҳои сағира,

Аз ту мехоҳам гунаҳҳои кабира,

Баҳри фардои Ватан!

Раҳоварди Сатторзода

Абдунабӣ Сатторзода соли 1975 рисолаи номзадии хешро дар мавзӯи “Афкори адабӣ ва эстетикии Абдурраҳмони Ҷомӣ” ва соли 1985 рисолаи докторияшро дар мавзӯи “Арасту ва назариёти адабии форсии тоҷикӣ” ҳимоя кардааст.


Таҳқиқоти мутаадиди илмию адабияш дар риштаҳои адабиётшиносӣ, таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ, назарияи шеър, поэтика, нақди адабӣ, сиёсати хориҷӣ, таърихи дипломатияи миллӣ, фарҳангшиносӣ ва диншиносӣ сурат гирифта, то имрӯз 15 китобу рисола ва беш аз 400 мақолаи ӯ ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, инглисӣ, ҷопонӣ, форсӣ, дарӣ, пашту, олмонӣ, ӯзбекӣ, қазоқӣ, ва ғ. дар Душанбе, Маскав, Киев, Теҳрон, Тошканд, Боку, Степанакарт, Берлин, Токио, Лондон, Осло, Стокҳолм, Севул, Деҳлӣ, Қарочӣ, Алмаато, Бишкек, Кобул ва ғайра чоп шудаанд.

Китобу маҷмӯаҳои Абдунабӣ Сатторзода “Афкори адабӣ ва эстетикии Абдураҳмони Ҷомӣ” (1975), “Нуқтаи пайванд. Баъзе масъалаҳои инкишофи шеъру нақди адабӣ” (1982), “Нақди адабӣ” (дар ҳамкорӣ бо Абдулқайюми Қавим, Асадулло Ҳабиб ва Латифи Нозимӣ; Кобул, (1987), “Таърихчаи назариёти адабии форсии тоҷикӣ” (2001), “Аристотель и таджикско-персидкая литературная мысль IX—XVвв” (2002), “Кӯҳна ва нав (дар шеър, нақд ва забон” (2004), “Дипломатияи муосири тоҷик” (дар ҳамқаламии академик Талбак Назаров; 2006), “Адабиёти тоҷик. Китоби дарсӣ барои хонандагони синфи 8” (2009), “Баёзи адабиёт” (барои хонандагони синфи (2010), “Дипломатияи порлумонӣ ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2000—2010)” (дар ҳамқаламии Муҳаммадато Султонов; 2010), “Такмилаи бадеи форсии тоҷикӣ (дар заминаи навиштаҳои пешиниён ва имрӯзиён)” (2011), “Дипломусии муосири Тоҷикистон” (дар ҳамқаламии академик Талбак Назаров; Кобул, 2013), “Аз Рӯдакӣ то Лоиқ” (2013) ва ғ. аз биҳин намунаҳои тадқиқоти илмӣ дар Тоҷикистон ва саҳми назаррасе дар пешрафти адабиётшиносӣ, нақди адабӣ ва фарҳангшиносии тоҷик ба ҳисоб мераванд.

Барандаи Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ мебошад. Барои хидматҳои арзандааш ӯ соли бо Ордени “Шараф” ва соли 2011 ба медали “20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон” қадр шудааст.

Рутбаи дипломатии Кордори фавқулода ва мухтори дараҷаи як ва рутбаи тахассусии Мушовири давлатӣ дорад.

Аз соли 1980 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. Соҳиби рутбаи дипломатии кордори фавқулода ва мухтори дараҷаи аввал ва рутбаи тахассусии мушовири давлатист.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.