Ҳамасола дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 200 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ (МТМУ) сохта ё васеъ карда мешаванд, лекин сатҳи таваллуди баланд сохтмони ду баробар зиёди чунин муассисаҳоро тақозо мекунад.
Барои ҳалли ин масъала аз куҷо метавон пул пайдо кард?
Ҳар сол дар Тоҷикистон камбуди шадиди мактабҳо, инчунин ҷойҳои нишаст дар мактабҳои амалкунандаи таҳсилоти умумӣ эҳсос мешавад. Дар бисёре аз синфҳо дар як вақт барои 45-60 хонанда дарс гузаронида шуда, аксар вақт дар як мизи дарсӣ се талаба менишинанд. Дар баъзе мактабҳои дигар бошад, дарсҳо дар се баст ба роҳ монда шудааст.
Ҳарчанд волидон шикоят кунанду омӯзгорон ба пайгирии давомнокии хонандагон қодир набошанд ҳам, мушкил то ҳол ба ҳеҷ гунае ҳал намешавад.
Ба ақидаи коршиносон, барои ҳалли ин мушкил сохтмони мактабҳоро қариб ду баробар зиёд кардан лозим аст.
Ба ин чӣ гуна метавон ноил гардид ва бунёди боз ҳудуди 200 мактаб дар як сол чӣ хароҷот дорад?
Сатҳи таваллуди рекордӣ сохтмони мактабҳои навро талаб мекунад
Аз лиҳози афзоиши сатҳи таваллуд Тоҷикистон натанҳо байни кишварҳои ИДМ, балки дар ҷаҳон низ яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол мекунад. Тайи 30 соли ахир шумори аҳолии ҷумҳурӣ 2 баробар афзуда, имрӯз зиёда аз 10 млн 200 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Афзоиши аҳолӣ ба ҳисоби миёна - 200 ҳазор нафар дар як сол. Ногуфта намонад, ки қариб нисфи аҳолиро кӯдакони синни то 17-18-сола ташкил медиҳанд.
Коршиносон инро дар маҷмӯъ барои иқтисоди кишвар дурнамои мусбат арзёбӣ мекунанд. Аммо имрӯз афзоиши сатҳи таваллуд назди мақомоти ҷумҳурӣ вазифаҳои душвор мегузорад, ки яке аз онҳо таъмини насли ҷавон бо таҳсилоти миёнаи мукаммал мебошад.
Барои ин дар навбати аввал сохтмони мактабҳои муосир зарур аст. Онҳоро сохта истодаанд, лекин ҳаёт бозгӯи он аст, ки сохтмони мактабҳо ба афзоиши сатҳи таваллуд мувофиқат намекунад.
Дар паёми худ ба парлумон моҳи декабри соли 2023 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
“Рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад. Соли 2017 низоми маорифи кишвар 2,1 млн нафарро ба таҳсил фаро гирифта бошад, пас дар соли 2023 ин нишондиҳанда ба 2,6 млннафар расидааст.
Агар дар соли 2023 шумораи хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар 103 ҳазор нафарро ташкил дода бошад, пас қабул ба синфи 1-ум ба 261 ҳазор нафар расидааст”, - таъкид дошт сарвари давлат.
“Порча”-и калонтарини буҷет ба маориф, вале он кофӣ нест
Бино ба маълумоти Вазорати маориф ва илм, имрӯз дар кишвар ҳудуди 4 ҳазор мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ амал мекунанд.
Дар Буҷети давлатӣ барои соли 2024 ба соҳаи маориф 8 млрд 231 млн сомонӣ ҷудо гардидааст, ки 1 млрд 21 млн ё худ 12,5% зиёдтар нисбат ба соли 2023 (соли 2023 - 7 млрд 210 млн сомонӣ) мебошад.
Ин ба 5,7%-и маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва 18,7% аз ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ баробар аст.
Ва ин фоизи калонтарин аз рӯи соҳаҳо мебошад.
Дар паёми худ ба парлумон моҳи декабри соли 2023 президенти Тоҷикистон зикр кард, ки соли 2023 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 200 муассисаи таълимии нав ва биноҳои иловагӣ барои беш аз 85 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст, вале ин ҳоло ҳам кам аст, зеро ҳанӯз 73 ҳазор хонанда бе ҷойи нишаст мемонад.
Ба ақидаи коршиносон, ба сохтмони мактабҳои нав соҳибкорони тоҷик саҳми хеле босазо мегузоранд, лекин талошҳои онҳо ҳам басанда нест.
“Сохтмони манзил тибқи нақша бояд дар маҷмӯъ бо бунёди муассисаҳои мактабӣ ва томактабӣ сурат гирад. Аммо ҳозир дар Тоҷикистон метавон сохтмони бисёр манзилҳоро мушоҳида намуд, лекин шумори мактабҳое, ки сохта мешаванд, хеле кам ба назар мерасад. Ва ин ҳам сарфи назар аз он, ки ҳар сол теъдоди толибилмони синфи якум хеле зиёд мешавад”, - мегӯяд коршиноси соҳаи маориф Насим Муҳиддинов.
Барои сохтмони мактабҳои нав чӣ қадар маблағ лозим аст ва аз куҷо метавон онро пайдо кард?
Тибқи ҳисобҳои “Азия-Плюс”, ки ба маълумоти бинокорони муассисаҳои таълимӣ асос ёфтааст, барои сохтмони як мактабб бо 1000 ҷойи нишасти ба ҳаисоби миёна 1,5 млн доллари ИМА зарур аст. Барои 73 ҳазор хонанда - 110 млн доллар ё худ ҳудуди 1 млрд 205 млн 700 ҳазор сомонӣ.
Ба ақидаи Муҳиддинов, ба дарёфти маблағ ҳархела сохтани шакл ва навъҳои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ кумак мекунад.
“Масалан, афзоиши шумори мактабҳои хусусӣ, ки ба сифати таълим таъсири мусбат расонида, масъалаи аз меъёр зиёд будани хонадагонро дар мактаб ҳал мекунад. Ғайр аз ин, иқдоми мазкур ба афзоиши рақобатпазирӣ дар самти сифати таълим мусоидат мекунад”, - мегӯяд ӯ.
Коршинос бар ин назар аст, ки барои ин давлатро лозим аст, ки ба соҳа сармоягузорӣ ҷалб намуда, бо шароитҳои мусоид, аз ҷумла имтиёзҳо дар пардохти андоз бахши хусусиро манфиатдор кунад.
Хориҷа ба мо ёрӣ мерасонад!
Ба сохтмони мактабҳо дар ҷумҳурӣ кишварҳое ба мисли Ҷопон, Арабистони Саудӣ, Олмон ва дигар давлатҳо зиёд кумак мекунанд. Масалан, дар доираи лоиҳаи “Барномаи кумаи бебозгашт ва амнияти башардӯстона барои қисмати назарраси аҳолӣ” (GGP) ҳукумати Ҷопон дар ҳамдастӣ бо мақомоти маҳалли ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон 50 мактаб бунёд кард.
Рӯзи 5 августи соли 2023 байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва Бонки рушди Олмон (KFW) қарордод ба имзо расид. Дар доираи ин қарордод барои сохтмони муассисаҳои таълимӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон, инчунин шаҳри Душанбе 13,97 млн евро грант ҷудо карда мешавад.
Моҳи октябри соли 2017 палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон созишномаи қарзӣ аз рӯи лоиҳаи сохтмон ва муҷаҳҳазсозии мактабҳои миёнаро тасдиқ намуд, ки аз ҷониби Фонди Саудии рушд ва Тоҷикистон ба имзо расид. Дар созишнома то соли 2028 сохтмони 66 муассисаи таҳсилоти умумӣ пешбинӣ шудааст. Фонд ба сифати қарзи имтиёзнок зиёда аз 35 млн доллар ҷудо кард.
Ҷалби кумаки иловагӣ аз мададрасонҳои хориҷӣ боз яке аз роҳҳои ҳалли мушкили мазкур ба ҳисоб меравад.
Назорат зарур аст
Ба ақидаи иқтисодчӣ Фирӯз Раҳматов, ба ҷуз тадбирҳои дар боло зикршуда, назорати қатъӣ аз болои тақсимот ва истифодаи дурусти маблағҳои ҷудошуда низ муҳим аст.
“Ба фикрам, бозбинии маблағҳои аз буҷет ҷудошуда ба соҳаи маориф зарур буда, баъзе хароҷоти нолозимро кам ва онҳоро ба сохтмони мактабҳо равона кардан лозим аст”, - чунин мешуморад коршинос.
“Ғайр аз ин, барои ҳар як сомонии сарфшуда ҳисоботи бештар шаффоф ва асоснок лозим аст. Зеро ба соҳаи маориф пул ҷудо карда мешавад ва он қадр кам ҳам не. Бар ин назарам, ки дар сурати истифодаи дуруст ва оқилонаи ин маблағҳо ва пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ, мо маблағҳоеро дарёфт карда метавонем, ки барои сохтмони мактабҳои нав барои кӯдаконамон заруранд”, - мутмаин аст ӯ.