Аз моҳи сентябри имсол маоши омӯзгорон дар Тоҷикистон 30% зиёд мешавад ва онҳо вобаста ба дараҷаи маълумот аз 1 ҳазору 702 то 2 ҳазору 699 сомонӣ маош хоҳанд гирифт. Дар ин бора Бадриддин Музаффарзода, муовини вазири маориф ва илм дирӯз, 28-уми июл зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, музди меҳнати омӯзгорони синфҳои 1-4 ва 5-11 вобаста ба дараҷаи маълумоти онҳо фарқ мекунад.

“Аз моҳи сентябр омӯзгорони синфҳои 1-4 вобаста ба дараҷаи маълумоти худ аз 1 ҳазору 702 сомонӣ то 2 ҳазору 699 сомонӣ маош мегиранд. Маоши вазифавии омӯзгорони синфҳои 5-11 бошад, аз 1 ҳазору 232 сомонӣ то 1 ҳазору 907 сомониро ташкил хоҳад дод”, - гуфт ӯ.

Ба таъкиди ӯ, ин танҳо барои як воҳиди корӣ буда, инчунин, баъди гирифтани дараҷа, маоши муаллимон баланд мешавад ва барои роҳбари синф будан ҳам маоши иловагӣ мегиранд.

“Масалан, маоши омӯзгори синфҳои 1-4, ки дараҷаи олӣ дорад, аз моҳи сентябр ба 3 ҳазору 563 сомонӣ  мешавад”, - гуфт ӯ.

Ба иттилои дарёфтаи “Азия-Плюс”, маоши вазифавии директорони мактаб вобаста аз шумораи хонандагон (аз 100 то беш аз 2 ҳазору 500 хонанда) аз 1 ҳазору 803 то 2 ҳазору 972 сомонӣ аст. 

Бадриддин Музаффарзода аз тарафи дасти чап
Asia-Plus

Ҷонишинони директор оид ба корҳои таълим ва тарбия бошад, аз 1 ҳазору 602 то 2 ҳазору 634 сомонӣ музди меҳнат хоҳанд гирифт.

Ҳамчунин, дигар ҷонишинони директор ва роҳбари тайёрии ибтидоии ҳарбӣ аз 1 ҳазору 498 то 2 ҳазору 519 сомонӣ маош мегиранд.

Қобили зикр аст, ки ҳоло музди меҳнати миёнаи омӯзгорон дар кишвар 1 ҳазору 646 сомонӣ аст, ки аз маоши омӯзгорон дар кишварҳои ҳамсоя ба таври назаррас кам аст.

Барои муқоиса, маоши миёнаи омӯзгорон дар кишварҳои ҳамсоя чунин аст:

Asia-Plus

Бояд гуфт, маоши паст дар Тоҷикистон яке аз сабабҳои асосии соҳаи маорифро тарк кардани муаллимон ва паст шудани сифати таълим дар кишвар гуфта мешавад.

 

Шикояти омӯзгорон аз нагирифтани маош ва пули рухсатӣ

Чанде пеш бархе омӯзгорони шаҳру навоҳии гуногуни Тоҷикистон, аз ҷумла омӯзгорон аз ноҳияҳои Восеъ ва шаҳри Конибодом ба “Азия-Плюс” шикоят карданд, ки то ҳол музди меҳнат ва маблағи рухсатии худро нагирифтаанд.

Бадриддин Музаффарзода, муовини вазири маориф ва илм дар нишасти матбуотӣ шикояти бархе омӯзгоронро тасдиқ карда, гуфт, ҳукумати кишвар супориш додааст, ки то охири моҳи июл музди меҳнати омӯзгорон пурра пардохта шавад.

Номбурда зикр кард, ки рӯзи 27-уми июл дар ҳукумати ҷумҳурӣ бо роҳбарии муовини сарвазир вобаста ба ин масъала ҷаласа доир шуда, ба намояндагони ноҳияҳое, ки омӯзгорон то ҳол маоши худро нагирифтаанд, ҷиҳати пардохт супориши қатъӣ дода шудааст.

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки пардохти музди меҳнати омӯзгорон “аз пур шудани буҷаи шаҳру ноҳияҳо вобастагӣ дорад”.

Бояд гуфт, ин бори аввал нест, ки омӯзгорон аз напардохтани маошашон нигаронӣ мекунанд. Қаблан низ борҳо аз дер пардохт шудани музди меҳнат шикоят карда буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.