Ҳавопаймои Ан-74, ки дар фурудгоҳи шаҳри Кобул боздошт шудааст, воқеан ҳам ба ширкати Rolkan Investments Ltd тааллуқ дорад. Бинобар нодуруст нишон додани навъи ҳавопаймо, мақомоти раҳбарии ширкати мазкур танҳо чанде қабл ошкор сохтааст, ки ҳавопаймо воқеан ҳам моли ширкати онҳо буда, дар Кобул боздошт шудааст. Дар ин бора хабаргузории Интерфакс иттилоъ медиҳад.
Намояндаи ширкати ҳавопаймоӣ Валерий Пфефер дар робита ба ин масъала гуфтааст, «ин ҳавопаймои мо аст. Ҳангоме тамғаи ҳавопайморо Ан-72 гуфтанд, як нофаҳмӣ ба вуҷуд омад, зеро мо чунин навъи ҳавопаймоҳо надорем. Ҳавопаймои навъи Ан-74 воқеан ҳам ба ширкати мо тааллуқ дошта, чун ҳавопаймоҳои боздоштшуда дар Тоҷикистон ба ширкати «Аэроспейс» ба иҷора дода шуда буд».
Қобили зикр аст, ки субҳи 16-уми ноябр дар расонаҳои хабарӣ иттилоъ пахш шуд, ки дар фурудгоҳи шаҳри Кобул ҳавопаймои русиягии Ан-74 боздошт шудааст.
Гуфта мешавад, ҳавопаймои мазкур бо фармони вазири нақлиёти Афғонистон боздошт шудааст. Вазир гуфтааст, гӯё ин ҳавопаймо ба убури қаламрави Афғонистон ҳуқуқ надоштааст.
Ёдрас мекунем, ки додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа шаҳрванди Русия, халабони ҳавопаймо Владимир Садовничийро дар даст доштан ба ҷиноёти қочоқ, убури ғайриқонунии марзи давлатии Тоҷикистон ва риоя накардани тартиботи парвозҳои байнулмилалӣ муттаҳам дониста, ба 8,5 соли зиндон маҳкум кард. Маҳз пас аз содир шудани ҳукм муносиботи Тоҷикистону Русия ба сардӣ гароид.
Халабони дигар, шаҳрванди Эстония Алесей Руденко низ ба ҳамин мӯҳлат аз озодӣ маҳрум карда шуд.



Вакилони парлумон қонунеро қабул карданд, ки барои воридоти аккумулятор пули “утилизатсия” ситонида мешавад
Нокомии ҷудокорони тоҷик дар “Tokyo Grand Slam 2025”. Онҳо аз Ҷопон бемедал бармегарданд
КҲФ марги як зану шавҳар дар Рашт бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангиштро тасдиқ кард
Таъини ҷазо барои истеҳсоли “криптовалюта” бо истифода аз “барқи дуздӣ”
Марги як корманди пешини ҳукумати Исфара ҳамроҳи ҳамсар ва духтараш дар пайи заҳролудшавӣ
Дар Тоҷикистон чеҳраи нафақахӯронро шиносоӣ мекунанд
Муҳаммад Наимов баъди шикаст аз намояндаи Бразилия дар "UFC 323" чӣ қадар маблағ гирифт?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 37
Мақомот сӯхтор дар ҳудуди бозори “Корвон"-ро шарҳ доданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста