Пас аз сафари эълоннашудаи президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Барак Обама ба Афғонистон, рӯзи 2-юми май дар пойтахти ин кишвар дастикам се таркиш ба вуқуъ пайваст.
Бино ба маълумоти хадамоти русии Би-Би-Сӣ бо истинод ба Агентии Рейтер, ки дар навбати худ ба вазири умури дохилии Афғонистон такя мекунад, бар асари ин таркишҳо ду нафар ҳалок шудаанд.
Хабаргузории Lenta.ru бо такя ба France-Presse менависад, дар шаҳри Кобул ду таркиш рух додааст, ки яке аз онҳо дар автомобил аз ҷониби маргталаб анҷом дода шудааст. Бино ба маълумоти пулис, ҳадафи маргталаб меҳмонхона барои хориҷиён будааст. Гуфта мешавад, дастикам 6 нафар ҳалок ва 17 тан ҷароҳат бардоштаанд.
Масъулияти таркишҳоро шуъбаи афғонии ҳаракати «Толибон» ба дӯш гирифтааст. Дар изҳороти ҳаракати «Толибон» гуфта шудааст, яке аз ҷонибдорони ҳаракат бомбро дар назди пойгоҳи низомӣ тарконида, ба дигарӣ муяссар шудааст, ки ба дохил ворид шавад. Аммо дар Вазорати умури дохилии Афғонистон ин иттилоъро рад сохта, изҳор доштаанд, ки танҳо як ҷангии маргталаб иштирок доштааст.
Хабаргузории РИА Новости иттилоъ медиҳад, ки шаби чоршанбе президенти ИМА бо сафари эълонннашуда ба Афғонистон ташриф овард. Ӯ бо сарвари давлати Афғонистон Ҳомид Карзай гуфтушунид анҷом дода, ҳамчунин созишнома миёни ИМА ва Афғонистон дар бораи шарикии стратегиро ба имзо расонидааст. Дар созишнома шартҳои ҳузури низомиёни ИМА пас аз хурӯҷи қисмати зиёди нерӯҳои Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) аз Афғонистон дар соли 2014 муқарррар шудаанд.
“Агар танҳо дар рӯйи қоғаз намонад...” Қабули барномаи рушди театр то кадом андоза мушкили соҳаро ҳал мекунад?
Дар Тоҷикистон беш аз 3,6 ҳазор кас бе доштани шаҳрвандӣ зиндагӣ доранд
Беҳтарин мактаби олии Тоҷикистон дар зинаи 561-ум дар Осиё қарор дорад
Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд
Наҷоти мусофирони автобусе, ки аз Русия ба Тоҷикистон меомад
“Ин саҳна не, ин зиндагист”. Таҷлили Рӯзи театри тоҷик ва 95-солагии Театри Лоҳутӣ дар Душанбе
Роҳу чанд хона хароб шуд. Пайомади боронҳои ду рӯзи гузашта маълум гардид
Ҳушдори пулиси пойтахт: Дар Душанбе чорво нигоҳ надоред!
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ошиқи хатокор”
Дар Душанбе мағозаи брендии HONOR кушода шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста