Бино ба маълумоти васоити ахбори умум, вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев дар ҷаласаи Шӯрои вазирони кишварҳои узви ИДМ изҳор намудааст, ки нимсолаи аввали соли ҷорӣ шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Русия 24,5 ҳазор ҷиноят содир намудаанд.
Вазири корҳои дохилии Русия қайд кардааст, ки барои ВКД Русия мубориза алайҳи ҷинояткории фаромиллӣ яке аз самтҳои муҳим боқӣ мемонад. «Нимсолаи аввали соли ҷорӣ шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Русия 24,5 ҳазор ҷиноят содир намудаанд, ки 86%-ашон шаҳрвандони кишварҳои узви ИДМ мебошанд», - гуфтааст ӯ.
Ғайр аз ин, ба қавли Колоколтсев, дар ин давра дар қаламрави Русия беш аз 4,5 ҳазор афроди паноҳанда аз мақомоти бозҷӯйӣ, тафтишот ва суд боздошт шудаанд.
Ҳамчунин Колоколтсев аз ҳамтоёни худ даъват кардааст, ки ба ҳамкориҳо дар мардавлатии кишварҳо тақвият бахшида шавад.
Ёдрас мекунем, ки ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви ИДМ рӯзҳои 4-6-уми сентябр дар Чолпон-Ота (Қирғизистон) доир гардида, дар он ҳайатҳои ВКД-и Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат варзиданд.




Дар Чин дили бемори 9 кӯдаки тоҷикро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд
Боздошти 7 тан бо гумони муомилоти 100 кг маводи мухиддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон
ФАВРӢ: Чаҳор муттаҳами асосии ҳамла ба "Крокус" ҳукми абад гирифтанд
Тавсияи Вазорати нақлиёт ба ронандагони тоҷик дар шароити номусоиди ҳаво
Вазорати саноат гуфт, ки чаро дар Тоҷикистон пӯст кам коркард мешавад
Як ҷавони 28-соларо дар Деваштич барои куштори падараш 19 сол равонаи зиндон кардаанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 44
Кӯдакам рӯза медорад. Ман чиро бояд донам?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 марти соли 2026
Нигора Муқимӣ ваколатдори нави ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон таъин шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста