Заминларзаи шадид дар Непал яке аз шаҳрҳои қадимаи кишвар Бхактапурро вайрону валангор намуд. Офати табиӣ ҳамчунин дар пойтахти мамлакат шаҳри Катманду низ харобиҳои зиёдро дар пай овард.
Бино ба иттилои сомонаи шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо», аз рӯйи маълумоти охирин бар асари зилзилаи мудҳиш, ки як ҳафта қабл ба амал омада буд, беш аз 6 ҳазору 200 нафар ба ҳалокат расида, теъдоди захмиён аз марзи 14 ҳазор кас ҳам гузашт. Ҳамзамон то ҳол аз тақдири ҳазорҳо аврупоии ба ин ҷо сафаркарда ягон маълумот дастрас нест. То ин дам марги 12 нафар шаҳрванди Аврупоро бо далелҳои шайъӣ мушаххас намуданд.
Баъди гузаштани беш аз як ҳафта аз заминларзаи мудҳиш корҳои кофтукобӣ ва наҷотдиҳӣ дар ҳоли анҷомёбист. Аммо нафаронеро, ки аз ин офат ҷон ба саломат бурдаанд, хатари нав-бемориҳои гуногун таҳдид мекунад. Ҷасади нафаронеро, ки то ҳол наздикону пайвандонашон суроғ накардаанд, бо маҳлулҳои махсус мумиёӣ карда, дар кӯча гузоштаанд, то соҳибонашон онҳоро шинохта ба хок супоранд.
Тибқи маълумоти намояндагони Созмони Милали Муттаҳид айни ҳол беш аз 2 миллион нафар ба кумакҳои аввалия, аз қабили, маводи озуқа, оби нӯшокӣ, хаймаҳои муваққатӣ ва доруворӣ сахт эҳтиёҷ доранд. Дар маҷмӯъ заминларзаи мудҳиш ба беш аз 8 миллион нафар зарар расондааст.
Заминларзаи мазкур дар Непал ба вуқӯъ омадаро мудҳиштарин давоми 80 соли ахир унвон мекунанд. Бино ба изҳороти вазири молияи кишвар барои бартараф кардани оқибатҳои харобиовари зилзила 2 миллиард доллар лозим аст.
Рӯзҳои ахир дар Афғонистон чӣ мегузарад: аз қатли оми тоҷикҳо то душманхонии Тоҷикистон
Обуҳавои Тоҷикистон дар моҳи июн: ҳарорат баъзан то 45 дараҷа гарм мешавад
Дар бархе аз маҳаллаҳои Душанбе интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ мешавад
Гумонбари сеюми парвандаи куштори оилаи Маҳмадовҳо дар Ҷайҳун низ аз баёноташ даст кашид
Дар конфронси парлумонии Боку раиси парлумони Тоҷикистон дар чӣ бора изҳори назар кард?
Туркманистонро боз 490 қазоқтабори дигар тарк мекунанд
Шиносномаҳои рӯзноманигори таҳқиқгари қирғиз Болот Темировро бекор кардаанд
Президенти Радиои Озодӣ ҳамла ба журналистонро дар Душанбе маҳкум кард
Куштани як марди 40-сола дар пайи як даргирӣ дар Мастчоҳ
Даргузашти Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода, руҳонии саршиноси кишвар дар синни 70-солагӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста