Тибқи маълумоти ахир, аз таркиши автомашинаи боркаши минагузошта дар Кобул қариб 400 нафар осеб диданд, - иттилоъ медиҳад шабакаи телевизиони TOLO News бо истинод ба намояндаи Вазорати тандурустии Афғонистон. Қаблан дар бораи 198 нафар осебдидагон хабар дода шуда буд.
Хабаргузории РИА Новости дар ин робита менависад, корманди Вазорати тандурустии ин кишвар гуфтааст, аксари осебдидагон аз шишапораҳо ҷароҳатҳои сабук бардоштаанд.
Дар бораи ҳалокшудагон бар асари ин ҳодиса хабарҳои гуногун мерасанд. Агентии Рейтер қаблан дар бораи 15 нафар ҳалокшудагон иттилоъ дода, дигар ВАО дар бораи 7-8 нафар фавтидагон иттилоъ медиҳанд.
Гуфта мешавад, таркиш дар маҳаллаи Шоҳ-Шаҳид дар шарқи пойтахти Афғонистон ба вуқӯъ пайваста, ҳадафи ин амали террористӣ эҳтимолан яке аз иншооти Вазорати мудофиаи унвон мешавад. Дар натиҷаи таркиш як қатор биноҳо ба таври назаррас тахриб шуда, зери деворҳои афтидаи онҳо метавонанд одамон қарор дошта бошанд.
“Фишоратон баланд нашавад” ва ё “мо ниёз ба кадрҳо дорем”. Ҳарфҳои берун аз матни паёми Эмомалӣ Раҳмон
Чаро духтари афғонистонӣ, ки аз шавҳараш шикоят мекард, аз Тоҷикистон ихроҷ шуд?
100% бештар аз соли гузашта. Барои баргузории 3 озмун аз фонди президент беш аз 23,5 млн сомонӣ маблағ ҷудо шуд
Рентаи содиротӣ барои сангҳои қиматбаҳо, ашёи хом ва пахта ду баробар гарон шуд
Ихроҷи муҳоҷирон аз Русия тибқи тартиби нав кай оғоз мегардад?
Расонаҳои амрикоӣ шахсияти нафареро, ки дар Ню-Орлеан бо мошин одамонро пахш кард, эълон намуданд
Имсол Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Соли нави 2025 паёми табрикӣ надод
Мақомоти Тоҷикистон маълумот доир ба як кон дар Помирро "ғайримахфӣ" карданд
Тоҷикистон мавқеи худро дар радабандии мунтахабҳои ҷудои ҷаҳон беҳтар кард
Рустами Эмомалӣ дастур дод, ки лифти биноҳои кӯҳнаи Душанберо нав кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста