Дар шаҳри Шикарпури Покистон ҳангоми адои намози иди Қурбон миёни издиҳом маргталабе худро мавриди инфиҷор қарор додааст, ки бар асари он на камтар аз 10 нафар, аз ҷумла ду корманди пулис осеб диданд.

Бино ба маълумоти РИА Новости, ин ҳамла аз ҷониби ду террористи маргталаб сурат гирифта, яке аз онҳо миёни мардум дастгоҳи таркандаро ба кор даровардааст ва террористи дуюм аз макони ҳодиса фирор намудааст.

Гуфта мешавад, ҳамаи осебдидагон ба бемористонҳои наздиктарини маҳалли ҳодиса мунтақил шудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ин шаҳр аз амали террористии дигар пешгирӣ шудааст. Ҷангиён ба пайравони мазҳаби шиа дарафтоданӣ шуда, аммо кормандони мақомоти интизомӣ онҳоро ба дохили бинои адои маросим роҳ надодаанд. Зимни кӯшиши фирор яке аз ҷангиён кушта ва террористи дуюм боздошт ва ба ҳабс гирифта шудааст.