Туркия барои боздошти Фатҳуллоҳ Гюлен, раҳбари ҳаракати "Хизмет", ки дар ИМА иқомат дорад, ба Кохи сафед расман дархост фиристодааст.

Бино ба иттилои хабаргузории TojNews, мақомоти Туркия ҷонибдорони Фатҳуллоҳ Гюленро дар он айбдор мекунанд, ки гӯиё барои сарнагунии ҳукумати феълии ин кишвар забон як кардаанд.

Масъалаи истирдоди руҳонии турк ба ватан ибтидои моҳи сентябри соли равон зимни мулоқоти Раҷаб Эрдуғон, президенти Туркия бо ҳамтои амрикоияш Барак Обама, ки дар Чин баргузор гардид, баррасӣ шуда буд.

Ба гуфтаи намояндаи расмии маъмурияти Амрико, Обама зимни суҳбат бо Эрдуғон исрор варзидааст, ки ин масъала на ба таври сиёсӣ, балки ба гунаи ҳуқуқӣ бояд ҳал шавад.

Қаблан Туркия борҳо аз ИМА даъват карда буд, ки Гюленро ба Анқара таслим кунад. Дар як қатор шаҳрҳои Туркия низ гирдиҳамоиҳо ба ҷонибдорӣ аз ин дархост баргузор шуд. Аммо Гюлен даст доштанашро дар кӯшиши сарнагун кардани ҳукумати Эрдуғон дар суҳбат бо телевизионҳои амрикоӣ борҳо рад кардааст.