Роҳнамои Guide to Sleeping in Airports рейтинги нави фурудгоҳҳои беҳтарин  ва бадтарин дар соли 2016-ро таҳия намуд. Даҳгонаи беҳтарини фурудгоҳҳои ҷаҳон бар асоси назарсанҷӣ дар сомона тартиб дода шуд, ки дар он корбарон ба фурудгоҳҳо аз рӯи якчанд нишондиҳандаҳо баҳогузорӣ намуданд.

Тибқи натиҷаҳои таҳқиқоти роҳнамои мазкур фурудгоҳи Чангии Сингапур беҳтарин дониста шуд, ки беш аз 10 сол пешсафи рейтинг аст.

Ба сегонаи беҳтарин фурудгоҳҳои Сеул ва Токио низ шомил гардиданд.

Фурудгоҳи «Ҷидда Шоҳ Абдулазиз» дар Арабистони Саудӣ ва Ҷуба дар Судони Ҷанубӣ, ҳамчунин Порт-Харкот дар Нигерия аз бадтарин фурудгоҳҳои ҷаҳон эътироф карда шуданд.

Даҳгонаи беҳтарин фурудгоҳҳо дар ҷаҳон:

1. Фурудгоҳи Чанги дар Сингапур

Singapore Changi International Airport, Singapore (SIN)

2. Фурудгоҳи Инчхон дар Кореяи Ҷанубӣ

Seoul Incheon International Airport, South Korea (ICN)

3. Фурудгоҳи Токио​​​​​​​

Tokyo Haneda International Airport, Japan (HND)

4. Фурудгоҳи Тайпейи Тайван​​​​​​​

Taipei Taoyuan International Airport, Taiwan (TPE)

5. Фурудгоҳи Мюнхен​​​​​​​

Munich International Airport, Germany (MUC)

6. Фурудгоҳи Осакаи Ҷопон​​​​​​​

Osaka Kansai International Airport, Japan (KIX)

7. Фурудгоҳи Ванкувери Канада​​​​​​​

Vancouver International Airport, Canada (YVR)

8. Фурудгоҳи Хелсинки​​​​​​​

Helsinki Airport, Finland (HEL)

9.  Фурудгоҳи Таллин

Tallinn International Airport, Estonia (TLL)

10. Фурудгоҳи Сюрих

Zurich Kloten International Airport, Switzerland (ZRH)