Нерӯҳои амниятии Ироқ аз лаҳзаи оғози амалиёти озоднамоии Мосул наздики 800 километри мураббаъ ҳудудро аз ҷангиёни гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» (ДИ, мамнӯъ дар Тоҷикистон) гирифтанд.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», дар ин бора рӯзи душанбе намояндагони расмии Амрико зимни нишасти хабарӣ дар Пентагон иттилоъ додаанд.

Гуфта мешавад, бино ба арзёбии онҳо, амалиёти озоднамоии Мосул «оғози хуб» гирифт ва тибқи нақшаи қаблан тарҳрезишуда пеш меравад. Дар баробари ин таъкид шудааст, ки мушовирони низомии Амрико бо ҷониби Ироқ дар ҳамкории зич фаъолият доранд.

Ҳамчунин хотиррасон мешавад, ки амалиёти озоднамоии шаҳри Мосули Ироқ аз террористони ДИ шурӯъ аз 17 октябр идома дорад. Дар он низомиёни Ироқ, нерӯҳои маҳаллӣ, қувваҳои пешмаргаи курдӣ ва инчунин қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии эътилофи байналмилалӣ таҳти роҳбарии ИМА иштирок доранд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, нерӯҳои ироқӣ дар шаҳраки Тал Кайф, 20-километрии Мавсил қарор дошта, аз се самт ба ин шаҳри таҳти назорати ҷангҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” наздик мешаванд. Ҳавопаймоҳои ироқӣ минтақаҳоро шадидан бомбаборон кардаанд.