Рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта дар шоми идонаи Маҳфили зарофатгӯёну ҳозирҷавобон (КВН) ба муносибати 55-солагии маҳфил, президенти Русия суханронӣ кард. Зимни суханронӣ доир ба шӯхии маъруфи русӣ дар бораи ҷудошавии оилаҳо - «Зан гирифтам, ҷудо шудам, хушбахтам» (Женился, разхвелся, счатслив), ки ӯ ба худ нисбат дод, Владимир Путин ҳазломез посух дод: «Инро шумо нисбати кӣ гуфтед?». Ин посухи Путинро толор бо кафкӯбиҳо истиқбол намуд.