Дар кори мизи гирди хабаргузории ТАСС оид ба сиёсати Русия дар самти рушди забон ва мавқеи забони русӣ дар ҷаҳон намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Русия Элеонора Митрофанова изҳор намудааст, ки аз нигоҳи ҳуқуқӣ вазъи забони русӣ бештар дар Латвия ва Эстония нигаронкунанда буда, забони русӣ дар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бояд мақоми қонунгузориро касб намояд.

«Вазъи забони русӣ дар ҷаҳон ба як қатор мушкилот дучор аст, аз ҷумла масъалаи мақоми забони русӣ дар кишварҳои хориҷи наздик мушкили аввал аст, - иброз доштааст ӯ. - Вазифаи аввалиндараҷаи мо мақоми муайяни қонунӣ касб кардани он дар конститутсия ва таҷрибаи амали ҳамсоякишварҳои мост».

Митрофанова хотиррасон намудааст, ки дар фазои ИДМ забони русӣ дар ҳолати беҳтарин ҳамчун мафҳуми «забони муколама (гуфтугӯ)-и байни миллатҳо муайян шуда буд, ки шарҳу тавзеҳи фаҳмо ва дақиқи ҳуқуқӣ надорад.

«Забони русӣ имрӯз ҳам забони муоширати байнулмилалӣ аст, аммо аллакай на дар ҳамаи кишварҳо аз ҷумла на дар Украинаву Гурҷистон ва кишварҳои назди Балтика, - қайд кардааст ӯ. - Насли нав қариб тамоман забони русиро намедонанд».

Бино ба маълумоти СММ, ёдрас шудааст намояндаи ВКХ Русия, соли 2015 шумори аҳолии кишварҳои узви ИДМ (бидуни назардошти Русия) 138 млн. нафарро ташкил додааст, ки аз ин шумор ҳамагӣ 61 млн. нафар донандаи забони русӣ ва 36,9 млн. нафар донандаи на он қадр хуби забони русӣ арзёбӣ шуда, 35,6 млн. нафар аллакай забони русиро намедонистаанд.