Ким Чен Нам, бародари раҳбари Кореяи Шимолӣ - Ким Чен Ин, гуфта мешавад, дар Малайзия кушта шудааст.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ бо такя ба маълуомти Yonhap, хабаргузории Кореяи Ҷанубӣ ва Reuters, Ким Чен Нам бародари ҳамхуни раҳбари феълии Кореяи Шимолӣ аст, ки дар гузашта аз ҷойгузинҳои эҳтимолии Ким Чен Ир ҳисоб мешуд. Ӯ солҳо боз дар хориҷ зиндагӣ мекард ва назорати сулолавии хонаводааш бар ҳукумат ва дар инзивоъ қарор доштани кишварро ошкоро танқид мекард.

Гуфта мешавад, шабакаи телевизионии Кореяи Ҷанубӣ - Chosun бо такя ба чандин манбаи ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ мегӯяд, ки Ким Чен Намро гӯё ду зан дар фурудгоҳи Куала Лумпур, пойтахти Малайзия, заҳролуд карданд, ки зоҳиран гумоштаҳои Кореяи Шимолӣ буданд. Онҳо боздошт нашудаанд.