Намояндаи доимии Русия дар СММ Виталий Чуркин, ки пас аз як рӯз 65-сола мешуд, дар шаҳри Ню-Йорк аз олам даргузашт.
Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба Вазорати умури хориҷии Русия, сабаби фавти ногаҳонии дипломатро нашрияи амрикоии "Ню-Йорк пост" ба сактаи дил бастагӣ додааст.
Гуфта мешавад, вазъи Чуркин дар ҳоле якбора бад шуд, ки дар намояндагии дипломатии Русия ҳузур доштааст. Вақте мошини "Ёрии фаврӣ" ӯро ба бемористон мерасонад, "вазъаш бад ва аз ҳуш рафта будааст".
Зимнан зикр мегардад, ки Виталий Чуркин соли 1974 Донишкадаи равобити байнулмилалии Москваро хатм кард. Ҳамчун корманди шӯъбаи тарҷумаи Вазорати умури хориҷии СССР дар солҳои 1970 гуфтушунидҳо бо ИМА-ро тарҷумонӣ кардааст. Сипас сафири Русия дар Белгия ва Канада буд. Чуркин аз соли 2006 ба ин сӯ намояндаи доимии Русия дар СММ ва Шӯрои Амният буд.