Дар шаҳри Москва ба рӯи мухолифи машҳури рус Алексей Навалний "зелёнка" пошиданд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, сухангӯи сиёсатмадор Кира Ярмиш гуфтааст, ин ҳодиса дар баромадгоҳи бинои Бунёди мубориза бо коррупсия, замоне, ки Навалний мехост барои суханронӣ ба Global Event Forum биравад, рух дод.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи ин ҳамла чашми рости Навалний осеб дида, ӯро ба беморхона интиқол додаанд. "Феълан бистарӣ аст. Чашмаш мебинад, вале дард мекунад. Чӣ пайомад дорад, ҳанӯз маълум нест. Пулис аризаро қабул кард, вале ба дидани сабти дурбинҳои назоратӣ шитоб надоранд. Мо талаб хоҳем кард, ки парвандаи ҷиноӣ боз ва ҳодиса санҷида шавад. Ин ҳамла ба маъракаи интихоботӣ ҳеч таъсире нахоҳад расонд", - иброз доштааст раҳбари ситоди интихоботии Навалний Леонид Волков.

Моҳи марти соли равон низ ба Навалний ҳангои ифтитоҳи ситоди интихоботии ӯ дар Барнаул "зелёнка" пошида буданд. Мухолифи рус ба ин ҳамла нигоҳ накарда, дар назди ҷонибдорони худ баромад кард. Алексей Навалний тасмим дорад, ки соли 2018 дар интихоботи президентии Русия иштирок кунад. Аз пешбарии номзадии ӯ аллакай беш аз 400 ҳазор шаҳрванди Русия ҷонибдорӣ карда, то ҳол 25 ситоди интихоботияш дар саросари ин кишвар боз шудааст.

Муассиси Бунёди мубориза бо коррупсия моҳи март натиҷаи таҳқиқоти худро дар робита ба дороиҳои сарвазир ва раиси ҳукумати Русия Димитрий Медведев, ки дар эъломия зикр нашудаанд, нашр кард. Дар натиҷа дар тамоми шаҳрҳои Русия тазоҳуроти зиддикоррупсионӣ баргузор шуд.