Вазири сохтмони Исроил, генерал-майори мустаъфӣ ва собиқ фармонеҳи яке аз ҳавзаҳои низомии артиши ин кишвар Йоав Галант ба қатли президенти Сурия Башор Асад даъват кард. Дар ин бора Медуза бо истинод ба Bloomberg хабар медиҳад.

«Имрӯзҳо дар Сурия вазъе ҷорӣ аст, ки одамонро мекушанд, нисбати онҳо аз аслиҳаи кимиёвӣ истифода мебаранд ва охирин маълумоте, ки мо аз он огаҳӣ пайдо кардем, ҷасади кушташудагон сӯзонида мешавад, - гуфтааст Галант дар конфронс дар мавзӯи амнияти Исроил. - Ба ин монанд ҳолатро тӯли 70 соли ахир касе дар ҷаҳон надида буд».

Гуфта мешавад, Галант саҳеҳан зикр накардааст, ки ин кор аз ҷониби кӣ бояд анҷом дода шавад. Дар ҳукумати Исроил аз шарҳи гуфтаҳои вазир худдорӣ варзидаанд.

Санаи 15 май ёвари котиби давлатии ИМА дар Шарқи Наздик Стюарт Ҷонс изҳор намуд, ки дар зиндони низомии наздикии Димишқ бино (крематорий)-е сохта шудааст, ки дар он ҷасади кушташудагонро месӯзонанд.

Ба гуфтаи Ҷонс, дар зиндон ҳамарӯза бо шумули аҳолии осоишта аз 50 то 80 нафар ба қатл расонида шуда, бо ин амал ҳукумати Сурия миқёси бузурги ҷиноятҳои низомиро рӯйпӯш карданист.